Зарина Сайфуллоева
Зарина Хайруллоевна Сайфуллоева (тав. 02.02.1974, шаҳри Душанбе) — сиёсатшинос ва забоншинос, доктори илмҳои педагогика (2017).
Зарина Хайруллоевна Сайфуллоева | |
Таърихи таваллуд | 2 феврал 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1991–1996 дар факултети забонҳои романию германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси омӯзгори забонҳои олмонӣ ва англисӣ хатм кардааст. Солҳои 1993–1998 лаборанти кафедраи забони олмонӣ, 1999– 2004 ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси дуюм, 2001–2004 аспиранти кафедраи сиёсатшиносӣ, 2004–2008 муаллими кафедраи лингводидактикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 муаллими калони кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он. 2012-2015 муовини декан оид ба корҳои илмии факултети забонҳои романӣ германӣ, 2015-2018 мудири кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ва аз соли 2018 декани факултети забонҳои романӣ германӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст. Муаллифи як рисола ва 8 мақолаи илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо оид ба масъалаҳои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ тадқиқот ба анҷом расидааст.
Осор
вироиш- Роль ОБСЕ и неправительственных организаций в укреплении мира и создании гражданского общества в Таджикистане, Д., 2007;
- Роль Европейского союза в установлении мира в Республике Таджикистана // Вестник Таджикского Национального Универститета, № 3, 2007.
- Методические рекомендации преподавателям вузов для применение интерактивных методов в обучении немецкому языку. - Душанбе: ТГПУ, 2013. - 20 с. (на тадж.яз.). (1,22 п.л.)
- Методические рекомендации преподавателям вузов для сопоставление грамматических явлений немецкого языка с таджикским языком. – Душанбе: ТГПУ, 2014. - 18 с. (на тадж.яз.). (1,20 п.л.)
- Методические рекомендации преподавателям вузов для применение современной технологии в обучении немецкому языку. – Душанбе: ТГПУ, 2015. - 20 с. (на тадж.яз.). (1,22 п.л.)
- Технология формирования коммуникативной компетентности студентов в процессе обучения двум иностранным языкам: Монография. – Душанбе: Ирфон, 2016. - 224 с. (14,48 п.л.)