Зарина Қурбонова
Зарина Ширинбековна Қурбонова (тав. 10.10.1975, ш. Ваҳдат) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ.
Зарина Ширинбековна Қурбонова | |
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишЗарина Қурбонова солҳои 1993–1997 дар шуъбаи педагогика ва психологияи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1997–2000 аспиранти назди кафедраи тарбияи томактабии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 2000 ҳамчун муаллим дар кафедраи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Оид ба ташаккулёбии донишҳои экологии кӯдакони синни томактабӣ дар кӯдакистонҳо кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.
Осор
вироиш- Ташаккулёбии донишҳои экологии кӯдакон (Дастури таълимӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ), Д., 2004;
- Адабиёти бадеӣ воситаи тарбияи экологии хурдсолон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2000, №4;
- Нақши мураббия дар тарбияи экологии кӯдакон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, 2000, №6.
== Пайвандҳо ==