Зарпечак, зардпечак, заҳрпечак, афтимун[1] (лот. Cūscuta) — ҷинси рустаниҳои яксолаи ангал (паразит); мансуби зарпечакҳост. З. береша ва бебарг аст. Вай ба танаю навдаи рустаниҳои дигар печида, шира ва моддаҳои ғизоии онҳоро ҷаббида мегирад. Пояаш борики дароз, ришта ё мӯякмонанд, зарди сабзтоб, гулобӣ ё бунафши тира. Гулаш хурд (2–7 мм), сафедча, гулобӣ ё сабзтоб, дар хӯшагул ҷойгир аст (моҳҳои июн – июл мешукуфад). Самараш ғӯзаи мудаввар, тухмшакл ё дарозрӯя, 2–6 тухм мебандад. Тухмаш хурд (дарозиаш 1–3 мм), ба тағйири ҳарорат ва таъсири моддаҳои кимиёӣ тобовар аст (он ҳатто ҳангоми аз узвҳои ҳозимаи ҳайвонот гузаштан низ қобили сабзиш мебошад). Як бех З., мас., С. epiliman то 3100, С. campestris то 15500, C. lehmanniana то 30 ҳазор тухм дорад. З. аз тухм ва пораҳои пояаш зиёд мешавад. Баъди неш задан барои гирифтани ғизо дар ҷустуҷӯи рустанӣ морвор тоб мехӯрад. Муқаррар кардаанд, ки З. дар ҷустуҷӯи рустании дигар то 35 см ва бештар аз он дароз мешавад. Дар сурати наёфтани ғизо З. баъди 16–25 шаборӯзи сабзиш мехушкад. З.-и аз як тухм рӯида метавонад то 6 м2 масоҳатро фаро бигирад. Бештар тавассути тухми зироат, ҳайвонот, мошин, об, шамол, пору ва ғ. паҳн мешавад. Тухмаш дар хоки гарму сернам (то умқи 1 см) нағз месабзад; ҳавои гарму хушк барои нумӯи он хеле мувофиқ аст. Дар Тоҷикистон 25 намуди З. (C. camprestris, C. epithymum, C. approximata, C. lehmannina, C. lupuliformis ва ғ.) дучор меояд. З.-ҳо алафи бегонаи ниҳоят хавфнок буда, ба полизу обчакорӣ, гулпарварӣ, зироати хӯроки чорво ва дарахту бутта зарари калон мерасонанд. Мас., дар натиҷаи зарари З. (C. camprestris) миқдори қанди лаблабу 2,66, зағирпоя 20–30 (тухмаш 70) ва ҳосили юнучқа (аз C. approximata) 50% кам шуда, сифати ғизоии рустаниҳои хӯроки чорво коҳиш меёбад. З.-ҳои C. lehmanniana ва C. bucharica буттаю дарахтони мева ва ороиширо мехушконанд. З. ба рустанӣ печида мубодилаи моддаҳои онро вайрон ва сабзишу инкишофашро суст мекунад. Он на фақат ҳосили рустаниро кам мекунад, балки сифати онро низ паст намуда, боиси бад шудани таъми мева мегардад. Хошоки олуда ба З. мағор мезанад, сифати ғизоии худро гум, чорворо касал ва ҳатто нобуд мекунад. З. паҳнкунандаи касалиҳои вирусии рустаниҳо низ мебошад. Бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бо З. риояи қоидаҳои агротехникӣ, агрокимиёию биологӣ, шудгори амиқ, киштгардони хушсифат, дам додани замин ва ғ. муҳим аст. Ба заминҳое, ки З. пахш кардааст, пошидани гербитсидҳои нитрофен (20–25 кг/га), ДНОК (10–15 кг/га), маҳлули 10%-аи даҳани фаранг ва ғ. нафъ дорад.

Зарпечак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cuscuta L.
  1. Зарпечак // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 142. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.