Зарпеша (лот. Hypericum elongatum) – гули зарпоша, чойкаҳак, як навъ рустании бисёрсола. Аз 30 то 90 см қад мекашад. Серпоя, сабзи кабудтоб, бӯрранг. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 1–3 см, бараш 0,2–0,8 см), нештаршакл. Хӯшагулаш ҷорубак, сергул. Гулаш сафедтоб ё зарди тилоранг (моҳҳои май – июл мешукуфад). Ғӯзааш дорчинӣ. З. дар Марокаш, Испания, Эрон, Туркия, Қрим, Арманистон, Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар мавзеъҳои ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, марғзор, нишебии қаторкӯҳи Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, навоҳии Сирдарё (дар баландии 1400–2700 м аз с.б.) мерӯяд. З. гиёҳи доруист. Дар давраи гулшукуфт баргу шохчаҳои тарраки онро ғундошта даста мебанданд ва дар ҷои соя ва шамолрас мехушконанд. Баргу пояи тари он бӯи баласон карда, андаке талхмазза аст. Онро то 3 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Дар таркиби баргу пояи З. 8–18% моддаҳои даббоғӣ, 1,5–2% флавоноидҳо, 0,15– 0,17 мг% витамини С, 5–7,5 мг% каротин, 0,1–0,3% Зарпарда. Мизроби «Рост». Зарпарда. Мизроби «Бузург». Зарпечак. Зарпечак Зарпечак, ки тамоми рустаниро печидааст. 143 замин – зебо равғани эфир, 7–9% қанд, 6–8% луоб, 15–16,5% сапонин, зифт ва асидҳои органикӣ мавҷуд аст. Табибони мардумӣ нақеи З.-ро барои муолиҷаи газак ва захми меъда, исҳол, дарунравӣ, бавосир, бемориҳои гурдаву ҷигар, тарбод ва ғ. ба кор мебаранд. Чойи гули он барои рафъи зардпарвин ва ҷӯшоби баргу пояаш барои табобати реши ҷигар муфид аст. Дар ҳолати хуншории милки дандонҳо бо З. даҳонро обгардон мекунанд

Зарпеша
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Адабиёт

вироиш