Зарфи миқдору дараҷа

Зарфи миқдор ва дараҷа ба ҳамдигар хеле наздик мебошанд. Ба зарфи миқдор калимаҳои зерин дохил мешаванд: бисёр (бисёртар), бисёр-бисёр, зиёда, зиёд (зиёдтар), андак (андаке), кам (камтар), камубеш, яктагӣ, қадре, як миқдор, хеле (хело), басе (басо), лаболаб, танҳо-танҳо, гурӯҳ-гурӯҳ ва ғайра.

Мисолҳо

вироиш
  • Дили одам ҳамин хел-дия, андаке ғам ё хурсандӣ кифоя аст,ки оби дидааш шашқатор шавад (Фазлиддин Муҳаммадиев).
  • Азимшоҳ аз ҷойи нишондодаи қозӣ қадре поёнтар нишаста, ба ҳаққи ҷаноби олӣ дуо кард (Садриддин Айнӣ).

Зарфҳои дараҷа инҳо мебошанд:бағоят, мутлақо, басе, беҳад, бисёр, камакак, торафт, тамоман, тамоман, як дараҷа ва ғайра.

Мисолҳо

вироиш
  • Бояд эътироф кард,ки мардуми оддию ранҷбари япон басе серғайрат, меҳнатдӯст ва ҷонсахт аст (Абдусалом Деҳотӣ).
  • ...гоҳ чун марди ҳалими бағоят орому солор пеши назараш ҷилвагар мешавад (Фазлиддин Муҳаммадиев).

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. — Душанбе: Дониш, 1985. — 270 саҳ.