Зафарҷон Ҳусейнов
Зафарҷон Ҳабибуллоевич Ҳусейнов (24.02.1969, шаҳраки Ҳисори н. Ҳисор) — доктори илми тиб (2012).
Зафарҷон Ҳабибуллоевич Ҳусейнов | |
Таърихи таваллуд | 24 феврал 1969 (55 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | «Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишСоли 1992 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба итмом расонда, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва минбаъд ҷои кор иваз накард. Вазифаҳои ҷарроҳи саратоншинос (1992—1998), мудири шуъбаи умумӣ (1998—2006), муовинисардухтурро (2007—2010) иҷро кардааст. Аз соли 2011 директори «Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2003 ҳамзамон доварии барномаи байналмилалии «Ҳифзи ҳуқуқи беморон»-ро ба зимма доштааст. Бо истифода аз техникаи муосири ҷарроҳӣ ва барқароркунии пластикаи пӯст ҷарроҳии мураккаби саратони сар, гардан, пӯст, бофтаҳои мулоим ва устухонҳоро ба дараҷаи лозим анҷом медиҳад. Фаъолияташ дар доираи барномаи «Ёрии паллиативӣ ҳангоми бемории саратон» қобили қайд аст.
Осор
вироиш- Особенности клинического течения и пути оптимизации лечения плосколеточного рака кожи головы и шеи. — Д., 2004.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.