Зафар Мирзоён
Зафар Мирзоён(Зафар Мирзоев, зод. 5 майи 1945,ноҳияи Ховалинг — 7 июни 2023, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, публисист ва шоҳномапажӯҳи тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 5 май 1945 |
---|---|
Зодгоҳ: | н.Ховалинг |
Таърихи даргузашт: | 7 июн 2023 |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | Профессор, пажӯҳигар, рӯзноманигор, публисист |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Ховалинг (1962), факултаи шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1994).
Корнома
вироишАссистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1972—1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии ИҶШС (1970—1971, 1989—1986), мудири шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳияи Ховалинг (1986—1991), раиси ҶММ «Митра» (1991—2003), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб (2003—2007).
Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудаст. Ҳамзамон солҳои 2010—2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст.
Таълифот
вироишЗафар Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст. Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз — омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст. Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.
Даргузашт
вироишЗафар Мирзоён шаби 7 июни 2023 дар сини 78-солагӣ, ки аз дарди медаву рӯда азият мекашид, даргузашт[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рао/Ро. Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (7 июни 2023). Проверено 7 июни 2023.