Ноҳияи Ховалинг
Ноҳияи Ховалинг — яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Соли 1958 дар натиҷаи муҳоҷир намудани оҳолии ноҳия ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳия барҳам дода шуд. 26 апрели соли 1983 аз нав таъсис дода шуд. Аҳолиаш 54 100 нафар. Масоҳаташ 3630,9 км2. Марказаш — шаҳраки Ховалинг.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Ховалинг | |
---|---|
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 1 шаҳрак, 5 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Зардаки |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат | 3630,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Шаҳрҳои бузургтарин | Зардаки, Ховалинг |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 54 100 нафар нафар (2016) |
Зичӣ | 31,8 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ-KT |
Коди телефон | +992 3317 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
![]() |
|
![]() |
ТаърихВироиш
Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ аз он зикр шудааст. Дар бораи пайдоиш ва маънои калимаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ва забоншиносӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Этимологияи ин калима аз шакли "хваралунка"-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки ба маънии хвара-хур,ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва лунка ё лунг- теппа, замин, диёр. яъне диёри офтобиро дорад. табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи далелҳои дигар мебошад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кулдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
МардумВироиш
Бино бар омори соли 2016 аҳолии ноҳия 54,1 ҳаз. нафарро ташкил мекунад.
БахшбандӣВироиш
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ховалинг 5 ҷамоат[1]. дорад:
ҲукуматВироиш
Сарвари ноҳияи Ховалинг Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
ИқтисодиётВироиш
Омӯзишу парваришВироиш
Ҷамоатҳои ноҳияи Ховалинг [1] | |||||||||||
Ҷамоатҳо | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Деҳоти Ховалинг | |||||||||||
Деҳоти Ҷомбахт | |||||||||||
Деҳоти Ғаффор Мирзо | |||||||||||
Деҳоти Лоҳутӣ | |||||||||||
Деҳоти Шугнов | |||||||||||
Шахри Зардаки |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣВироиш
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣВироиш
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |