Бобур
Заҳируддин Муҳаммад Бобур (ар. ظهیرالدین محمد بابُر), 14 феврали 1483, Андиҷон — 26 декабри 1530, Агра, Ҳиндустон) — арбоби давлатӣ, сипаҳсолор, вақоеънигор, шоир.
форсӣ: ظهیرالدین مُحمَّد بابُر | |
21 апрел 1526 — 26 декабр 1530 | |
Ҷонишин | Humayun[d] |
Таваллуд |
14 феврал 1483[1][2][3] |
Даргузашт |
26 декабр 1530 (47 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Бобуриён |
Падар | Умар Шайхмирзо[d] |
Модар | Qutlugh Nigar Khanum[d] |
Ҳамсар | Aisha Sultan Begum[d], Mubarika Yusufzai[d], Maham Begum[d], Masuma Sultan Begum[d] ва Zainab Sultan Begum[d] |
Фарзандон | Mirza Hindal[d], Гулбаданбегим, Humayun[d], Комрон Мирзо, Askari Mirza[d], Fakhr-un-Nissa[d], Гулчеҳрабегим, Altun Bishik[d], Masuma Sultan Begum[d] ва Gulrukh Begum[d] |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз сулолаи Темуриён. Пас аз вафоти падараш (1494) дар 12-солагӣ вориси ҳукумати Фарғона гардид. Пас аз марги ҳокими Самарқанд — Маҳмуд Мирзо (1495) Бобур дар мубориза барои барқарор намудани иқтидори пешини Темуриён ба забти Мовароуннаҳру Хуросон кӯшида, баъди аз тахти Самарқанд даст кашидани Бойсунқур Мирзо (1497) вориди ин шаҳр гардид, вале ҳокимияташ дар ин ҷо беш аз сад рӯз идома наёфт. Дар Фарғона хуруҷи феодалон сар зад. Шӯришгарон мехостанд, ки бародари Бобур − Ҷаҳонгирро ба тахти Андиҷон бинишонанд. Бобур Самарқандро маҷбуран тарк намуда, сӯи Андиҷон раҳсипор шуд, вале дар Хуҷанд хабари тавассути Ҷаҳонгир забт шудани Андиҷонро шунида, ба муқобили ӯ ҷанг эълон кард. Соли 1498 бародарон сулҳ баста, вил. Фарғонаро байни худ тақсим намуданд. Соли 1500 Бобур аз нав Самарқандро ба даст даровард, вале қабилаҳои ӯзбеки Дашти Қипчоқ бо сарварии Шайбонихон қисми зиёди Мовароуннаҳрро зери итоати худ дароварда, ба Самарқанд лашкар кашиданд. Дар задухӯрди назди Сарипул Бобур комилан шикаст хӯрда, Мовароуннаҳрро тарк намуд, соли 1504 ба Кобул рафт ва он ҷоро пойтахти худ қарор дод. Ӯ нақшаи дубора ба худ тобеъ намудани Мовароуннаҳрро кашида, соли 1511 бо ёрии шоҳ Исмоили Сафавӣ бори сеюм Самарқандро ишғол намуд. Бобур бо даъвати Ҳусайни Бойқаро барои мубориза ба муқобили Шайбонихон ба Ҳирот омад. Исмоили Сафавӣ лашкари дигаре бо сарварии Наҷми Сонӣ (1512) ба мадади Бобур фиристод, аммо дар набарди назди Ғиждувони Бухоро Убайдуллоҳхони Шайбонӣ пирӯз ва Бобур абадан аз Осиёи Миёна ронда шуд. Баъди ду сол ба Кобул омад ва дар фикри тасхири Ҳиндустон афтод. Соли 1526 дар назди Панипатсултони Деҳлӣ Иброҳими Лудиро шикаст дода, империяи Темуриёни Ҳиндро барпо кард, ки онро давлати Бобуриёни Ҳинд низ меноманд. Деҳлӣ ва қисмати шимоли Ҳиндустонро аз рӯди Синд то Бангола зери тасарруфи худ даровард. Бобур ҳамагӣ панҷ сол зимоми қудратро дар даст дошт ва дар Деҳлӣ дунёи фониро падруд гуфт. Ӯро дар ш. Ҷамна андаруни боғчаи Нурафшон ба хок супурданд, вале замони ҳукумати Шаҳобиддин Шоҳҷамол (1628—1657) бақоёи ҷасадашро ба Кобул интиқол доданд ва оромгоҳаш ҳоло ҳам дар ин ҷо вуҷуд дорад.
Эҷодиёт
вироишНамояндагони ин сулола зиёда аз се аср дар Ҳиндустон ҳукумат карда, барои густариши забон ва фарҳанги форсии тоҷикӣ дар ин сарзамин хидмати басазо намуданд. Бобур якчанд асар офаридааст. То замони мо аз ӯ «Бобурнома», девони шеърҳо ва рисолае доир ба арӯз ва қофия расидааст. Ашъораш асосан ба забони туркии чағатоӣ ва қисман ба форсии тоҷикӣ навишта шудааст. Дар осори Бобур суханони пурҳикмат, зарбулмасалу мақолҳо бисёранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.sscnet.ucla.edu/southasia/History/Mughals/Babar.html
- ↑ Бабур, Зегир-эддин-Мохаммед (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. IIа. — С. 614.
- ↑ Бабер (рус.) // Военная энциклопедия — СПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1911. — Т. 4. — С. 320—321.
Адабиёт
вироиш- Ҳ. Камол. Политическая история Мавераннахра в 16 в. Д., 2007;
- خواندمیر. حبیب السیر.تهران، ۱۳۸۰ هـ. ق
Сарчашма
вироиш- Бобур / Н. Қосимов, Ҳамза Камол // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.