Андиҷон (ӯзбекӣ: Andijon, Андижон) — шаҳр дар Ӯзбекистон, маркази маъмурии вилояти Андиҷон. Дар қисми ҷанубу шарқии водии Фарғона ҷойгир аст.

Шаҳр
Андиҷон
ӯзбекӣ: Andijon, Андижон
40°46′ с. ш. 72°21′ в. д.HGЯO
Кишвар  Ӯзбекистон
Вилоят Андиҷон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ асри IX
Масоҳат 74[1] км²
Баландии марказ 500 м ва 494 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 547 800 тан (2022)
Номи қавмӣ андиҷонӣ, андиҷониҳо
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 170100
Андиҷон дар харитаи
Андиҷон
Андиҷон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳолиаш 369 ҳазор нафар (2009). Роҳи оҳан ва аэропорт дорад.

Таърих

вироиш

Дар садаи IX бо номи Андукон ва дар садаи XV бо номи Андигон шуҳрат дошт. Дар садаи XV пойтахти давлати феодалӣ, дар садаи XIX маркази хонии Хӯқанд буд. 9 январи 1876 ба ҳайати Империяи Русия гузашт. Дар садаи XV бинобар дар роҳи корвонгарди абрешим воқеъ буданаш, ба маркази тиҷорат ва ҳунармандии водии Фарғона табдил ёфт. Аввали садаи XX яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва савдою саноат гардид. Соли 1902 аз заминҷунбӣ хароб гардид ва 4000 нафар одамон фавтиданд. Дар Андиҷон то имрӯз анъанаи ҳунарҳои мардумӣ ба мисли зардӯзӣ, кашидадӯзӣ ва қолинбофӣ нигоҳ дошта шудааст.

Даврони шӯравӣ

вироиш

Дар давраи ИҶШС, Андиҷон аз замини таърихии худ ҷудо карда шуда буд ва ҳозира сарҳад соҳа шуд, ки Водии Фарғонаро ба се ҷумҳуриҳои Шуравӣ тақсим кард. Андиҷон ба қисми ҶШС Ӯзбекистон дохил шуд. Дар давраи Шӯрави сарҳд роли муҳимро намебозид.

Даврони истиқлол

вироиш

Солҳои 1990, Андиҷон ва гирду атрофи он нотинҷ шуд. Қашшоқӣ ва аз сабаи шӯриши фундаментализми Исломӣ дари ба ин макон нотинҷи овард ва моҳи апрели соли 1990 ба хонаҳои Яҳудиён ва арманиҳо ҳамла карда шуданд. Шаҳр, ва умуман вилоят баъд аз пош хурдани шӯравӣ дар соли 1991 ба харобиҳо ва қашшоқи табдил ёфт. Маҳкам кардани сарҳад ба иқтисодиёти маҳалӣ ба алакай қашшоқони ин шаҳр зиёни калон овард. Моҳи майи соли 2003, марде бо номи Азизбек Каримовро аз сабаи нигоҳ доштани аслиҳаҳо барои террор аз тарафи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон зиндонӣ карда шуд. Вайро моҳи апрели 2004 ба қатл расониданд.

Иқтисод

вироиш

Андиҷон яке аз калонтарин маркази ҷамъоварӣ ва коркарди пахта аст. Заводҳои мошинсозӣ, биохимия, коркарди пахта, консервабарорӣ, истеҳсоли равған; фабрикаҳои нассоҷӣ, пойафзор, корхонаҳои саноати маҳаллӣ дорад. Дар давраи истиқлол дар Андиҷон 5 корхона оид ба тайёр кардани қисмҳои эҳтиётӣ барои заводи автомобилбарории «ӮзДЭУавто» сохта ба истифода дода шуд. Дар атрофи Андиҷон конҳои нефту газ мавҷуданд.

Нақлиёт

вироиш

Андиҷон яке аз марказҳои бузурги нақлиётии водии Фарғона ба ҳисоб рафта, дар мобайни панҷ вилоят қарор дорад; ду истгоҳи роҳи оҳан, аэропорт, инчунин автовокзали бузург дорад, ки аз он ба зиёда аз 200 хатсайр нақлиёт ҳамарӯза дар ҳаракат аст (аз ҷумла ба Иркутск, Саратов, Самара ва ғайра). Дар шаҳр наздики 60 корхонаи муштарак (бо ИМА, Хитой, Корея, Италия, Русия ва ғайра) фаъолият доранд.

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Андиҷон дорои 5 мактаби олӣ, аз ҷумла донишгоҳ, донишкадаҳои омӯзгорӣ, забонҳо ва тиб, Театри вилоятии драма ва мазҳакаи ба номи Охунбобоев, Театри лӯхтак, Театри ҷавонон, Музейи маданият ва таърихӣ-кишваршиносӣ, боғҳои истироҳат, мактабҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо аст. Дар Андиҷон пойгоҳҳои телевизион ва радио амал мекунанд.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш