Зебо Абдулҳакимовна Қосимова (16.06.1930, гуз. Чорраҳаи шаҳри Самарқанд) — омӯзгор, дорандаи нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998).

Зебо Қосимова
Зебо Қосимова
Таърихи таваллуд 16 июн 1930(1930-06-16)
Зодгоҳ СамарқандҶШС Ӯзбекистон
Маҳалли даргузашт Душанбе

Зиндагинома

вироиш

Зебо Абдулҳакимовна Қосимова 16.06.1930 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1930 бо аҳли оила ба шаҳри Сталинобод (ҳоло – шаҳри Душанбе) кӯчида омадааст. Дар мактаби миёнаи №1 шаҳри Сталинобод хондааст (1937-1947). Техникуми педагогии занонаи шаҳри Сталинобод (1951), факултети забон ва адабиёти русии ИПС ба номи Т.Г. Шевченко (ДОТ ба номи Т.Г. Шевченко)-ро хатм кардааст (1955). Лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1955-1958). Соли 1959 ба кори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин) гузаштааст (1959-1961). Муаллим, муал. калони кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин)(1961-2006).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 40 номгӯй маводи таълимӣ ва ҳаммуаллифи 13 номгӯй дастури илмию методӣ, аз ҷумла:

  • «Масъалаҳои методика ва психологияи таълими забони русӣ дар мактабҳои миёнаи тоҷикӣ» (Д., 1973),
  • «Маҷмӯаи матнҳо барои нақли хаттӣ» (Д., 1977),
  • «Дастури методӣ доир ба курси амалии забони русӣ дар донишкадаҳои олии ғайризабонӣ», қ. 1( Д.,1983),
  • «Супоришҳои таълимӣ аз грамматика дар курсҳои амалии забони русӣ» (Д.,1988),
  • «Забони русӣ». Китоби дарсии усули илмии баён барои донишҷӯёни соҳаи физика (Д., 2006),
  • «Забони русӣ». Китоби дарсии усули илмии баён барои донишҷӯёни соҳаи риёзиёт (Д., 2007) ва ғ.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • медали «Ветерани меҳнат» (1988) ва Ифтихономаҳои Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст

.

Сарчашма

вироиш