Зикриоллоҳ Ҳаким

(Тағйири масир аз Зикриоллоҳ Ҳакимов)

Зикриоллоҳ Ҳакимов (Ҳакимов Зикриоллоҳ Нарзуллоевич; зод. 10 апрел 1969, ноҳияи Данғара) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005).

Зикриоллоҳ Ҳаким
Таърихи таваллуд 10 апрел 1969(1969-04-10) (55 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз, навозанда
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Зикриоллоҳ Ҳакимов хатмкардаи (1991) Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аст. Дар ансамбли халқии «Субҳи Данғара» ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолияташро оғоз намуда, баъдан ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Дар ҳунараш равишу ҷустуҷӯи тоза эҳсос мегардад, сабку услуби мусиқии мардумиро бо тобишҳои ҷадид омезиш дода, бо лаҳни хос тараннум месозад."Ҷигарам хун шудаву дар талаби дармон аст", «Бозичаи қудрати Худоем ҳама», «Чашм ба роҳат», «Дардест дар ин дил», «Бишнав фиғонам», «Пайки сабо», «Дареғ», «Чу шамъ», «Аҳдат нашканӣ», «Мезебад», «Дари дил», «Шӯълаи чашм», «Чашмони сиёҳ», «Нури ду дида», «Видоъ», «Ёрам лаби бом», «Ба зери чарх», «Рав бевафо», «Зулфи мусалсал», «Ҷӯраҷон», «Боз борон», «Во дилам», «Ёдам кардӣ» беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Ба аксари сурудҳо худ оҳанг бастааст. Дар ҳавои оҳангҳои Зикриоллоҳ Ҳакимов дигар овозхонон таронаҳо месароянд. Зикриоллоҳ Ҳакимов дар барномоҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро идомаи мантиқии барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ», ки шоми 17 августи соли 2018 дар Тошканд баргузор шуда буд, бо ҳамроҳи 170 ҳунарманди тоҷик баромад кардааст.[1].

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.