Зинатмо Юсуфбекова

олим, муаррих, мардумшинос, номзади илмҳои таърих, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017)

Зинатмо Юсуфбекова (тав. 1950, шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) – олим, муаррих, мардумшинос, номзади илмҳои таърих, «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017).

Зинатмо Юсуфбекова
Зинатмо Юсуфбекова
Таърихи таваллуд 1950(1950)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих,
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер ДДТ ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Зинатмо Юсуфбекова баъд аз хатми факултаи таърихи ДДТ ба номи В.И.Ленин соли 1972 ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор қабул карда шуда то ҳол дар ин муассисаи илмӣ кор ва фаъолият карда истодааст. Дар давоми ин солҳо ў аз кори лаборанти сар карда, баъди гузаштани таҷрибаҳосилкунӣ (стажировка) ва аспирантура дар Институтҳои Шарқшиносӣ ва Этнографияи Академияи Фанҳои СССР ва дар соли 1987 ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ба ҳайси ходими хурд, калон ва пешбари илмии шуъбаи этнология ва антропология Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.

Фаолияти илмӣ

вироиш

Зинатмо Юсуфбекова соли 1987 рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуда, баъди он дар кори илмии худро дар соҳаҳои гуногуни мардумшиносӣ бомуваффақият давом дода истодааст.[1]

Юсуфбекова З. дар навиштани 1 монография Семья и семейный быт шугнанцев. М. 2015, 4 китоби дар ҳаммуаллифӣ навишта шуда, 2 брошюра, ҳамзамон зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ нашргардида саҳмгузор мебошад. Дар баробари ин ў пайваста бо маърўзаҳои илмӣ дар конфронсҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ баромад мекунад.

  • Семья и семейный быт шугнанцев (конец Х1Х-начало ХХ вв.). Ред. Т. Каландаров.- М., 2015.
  • Тоҷикистон. Тадқиқоти этнографии саҳроӣ 2013. Душанбе, 2014. (ҳаммуаллифӣ)
  • Тоҷикистон: Зарафшони боло: Тадқиқоти саҳрои этнографии соли 2014. Душанбе, 2017.
  • Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: Тадқиқотҳои саҳрои этнографӣ. Душанбе, 2018
  • Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон (дар асоси маводи таҳқиқотии саҳроии солҳои 2013-2017)./ Мураттиб Н.К. Убайдулло, муаллифон-мураттибон Л. Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева. Душанбе, 2019.[2]