Зиёдулло Нуриддинов

Зиёдулло Нуриддинов (тав. 02.07.1940, деҳаи Косатароши болои ноҳияи Варзоб) олим, физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1989), дотсент (2005).

Зиёдулло Нуриддинов
Зиёдулло Нуриддинов
Таърихи таваллуд 2 июл 1940(1940-07-02) (84 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1960–1965 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1965 муаллими мактаби миёнаи № 14 ноҳияи Ваҳдат, 1965–1966 афсари Артиши Шӯравӣ, 1966–1969 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1969–1970 коромӯзи кафедраи физикаи умумӣ ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Озарбойҷон, 1970–1974 аспирант, 1974–1976 ассистент, 1976–1998 муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1998–2005 директори литсейи ноҳияи Ҳисор буд. Солҳои 2005–2009 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2009 мудир ва дотсенти кафедраи номбурда мебошад. Муаллифи якчанд корҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) сарфароз шудааст.


Пайвандҳо

вироиш