Зиёуддини Нахшабӣ
Зиёуддини Нахшабӣ (форсӣ: ضیاءالدین نخشبی; асри XIV[1] — 1350[1], Деҳлӣ) — нависанда, шоир ва пизишки форс-тоҷики Ҳиндусто.
Таърихи таваллуд: | асри XIV[1] |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1350[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон, шоир |
Забони осор: | форсӣ[1] |
Зиндагинома
вироишЗиёи Нахшабӣ соли 1290 дар шаҳри Нахшаб ба дунё омадааст. Давраи кӯдакӣ ва наврасии Зиёуддин дар ҳамин ҷо гузаштааст. Дар ҳамин ҷо илму дониш омӯхт ва соҳибфазл гардид. Пасон ӯ ба Ҳиндустон сафар намуд[2].
Азбаски бештари умри Зиёуддини Нахшабӣ дар Бадоуни Ҳиндустон ҷараён ёфтааст, ӯро бо нисбаҳои «Бадоунӣ» ва «Ҳиндӣ-Бадоунӣ» низ ёдоварӣ кардаанд. Ӯ дар баробари забони модариаш — тоҷикӣ ва адабиёти форс-тоҷик забонҳои арабию санскритӣ, адабиёти арабу халқҳои Ҳинд, фалсафа, ахлоқ, тиб, мусиқӣ, бадеъ, арӯз, тасаввуф, фиқҳ, ҳайат ва дигар илмҳои маъмули замонашро фаро гирифта, аз шоир ва олими маъруф Шиҳобуддини Маҳмара (асри 13) санъатҳои бадеӣ ва нозукиҳои услубшиносиро омӯхтааст. Дар ашъораш зарурати омӯзиши илмҳои гуногунро таъкид кардааст:
Нахшабӣ зуфунун шудан корест,
Ҷаҳл дар одамӣ ҷунун бошад.
Марди комил касе бувад, к-имрӯз
Дар ҳама фан зуфунун бошад.
Зиёуддини Нахшабӣ бо вуҷуди ранҷу машаққат ва маҳрумияту сахтиҳои зиёд аз хидмати дарбори ҳокимону салотин дурӣ ҷустааст. Дар охирҳои умр ба ҳалқаи аҳли тасаввуф дохил шуда, гӯшанишинӣ ихтиёр кардааст. Аз Зиёуддини Нахшабӣ ба забони форсӣ як силсила асарҳои насрӣ — «Тӯтинома», «Гулрез», «Ҷузъиёт ва куллиёт», «Силку-с-сулук», «Шарҳи сураи Забур», «Лаззату-н-нисо», «Насоеҳ ва мавоиз» ва «Ашараи мубашшара» ба мерос мондаанд. То замони мо ба ҷуз «Ашараи мубашшара» тамоми асарҳои Зиёуддини Нахшабӣ омада расидаанд.
«Гулрез» асари ишқию романтикӣ буда, саргузашти ошиқонаи Аҷабмалик ва Нӯшлабро дар бар мегирад. Сужети он афсонавист. Ғояи асосии асар ишқ аст. «Ҷузъиёт ва куллиёт» ба насри махлут бо назм навишта шуда, аз 40 «Номус» (боб) иборат аст. Ҳар як боби он ба тавсифи зебоӣ, зарурат ва мақоми яке аз узвҳои бадани инсон (мӯй, сар, абрӯ, чашм, даст ва ғ.) бахшида шуда, бемориҳои ин узвҳо ва роҳҳои табобати онҳо низ баён шудаанд. Тавсифи ҳар як узв бо ғазале анҷом меёбад. Асари мазкур масъалаҳои гуногуни динию тасаввуфӣ, ахлоқӣ ва тиббиро дар бар мегирад. «Лаззату-н-нисо» доир ба шинохти занон, масъалаҳои шаҳвонӣ ва амрози занону роҳҳои муолиҷаи онҳо баҳс мекунад. Асар бо насри равону сода таълиф шудааст. Асарҳои дигари Зиёуддини Нахшабӣ масъалаҳои динию ирфонӣ ва ахлоқиро дар бар гирифтаанд.
Зиёуддини Нахшабӣ шеър низ гуфтааст. Дар дохили осори мансури Зиёуддини Нахшабӣ порчаҳои шеърӣ ба шакли фард, байт, рубоӣ, қитъа, ғазал ва маснавӣ оварда шудаанд, ки аз истеъдоди баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Абёти зер намунаи шеъри ӯст:
Маро то ишқи ту афтод дар сар,
Набуд як соате бедарди сар сар.
Киро бошад сари савдои зулфат?
Надорад тоқати ишқи ту дар сар.
Чӣ сарбозӣ кунам, дар ишқбозӣ,
Ба инсофе биҷунбонӣ агар сар,
Надонам дар раҳи ишқат чӣ бозам,
Надорам, моҳи ман, чизе магар сар...
Маро бо ин ки гардони чу мӯе,
Кунам ҷои ту ҳамчун мӯй бар сар.
Зиёи Нахшабӣ бар ёди зулфат
Ба шаб нанҳад ба болин то саҳар сар.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ РӮЗГОРИ ЗИЁУДДИНИ НАХШАБӢ (1290-1350). donish.org. 8 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Зиёуддини Нахшабӣ / А. Алимардонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.