«Тӯтинома» (форсӣ: طوطی‌نامه‎) — унвони як силсила маҷмӯаҳои мансуру манзуми адабиёти форс-тоҷик аст, ки ҳикоятҳояш аз забони тӯтӣ нақл шудаанд. Маъхази он «Шукасаптати» («Ҳафтод ҳикояти тӯтӣ») ном маҷмӯаи ҳикояҳои ба забони санскрит таълифёфта мебошад[1].

Тӯтинома
Нигора
Унвони мақола форсӣ: طوطی‌نامه
Шакли асари халлоқона short story collection[d]
Жанр ҳикоят[d]
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Tota Itihas[d] ва Shuksangbad[d]
Нависанда Зиёуддини Нахшабӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Illustrator Абдуссамади Шерозӣ
Фармоишгари осор Акбари I Бузург
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нахустин асари дар пайравии «Тӯтинома»-и ҳиндӣ навишташуда «Ҷавоҳир-ул-асмор»-и Имод ибни Муҳаммади Наарӣ (асри 14) мебошад. Як силсила ҳикоятҳои он аз дигар китобҳои ҳиндӣ гирифта шудаанд. Онро Зиёуддини Нахшабӣ дар алоқамандӣ бо маъхазҳои ҳиндияш аз нав таҳрир намуд. Ӯ ҳикоятҳоро ба тартиби муайян даровард, онҳоро кӯтоҳ намуд ва суханпардозиҳои тӯлонию такрорҳои беҳуда ва шумораи ояту ҳадисҳо ва таъбирҳои арабии онро кам кард. Ӯ ба ҷои ашъори шоирони дигар шеърҳои худро ҷойгир намуда, ҳикоятҳои қабеҳашро дигар кардааст[1].

«Тӯтинома»-и Нахшабӣ бо усули «ҳикоят андар ҳикоят» навишта шудааст. Он аа забони тӯтии Маймун ном бозаргоне ба зани ӯ нақл мешавад ва зани дилбохтаи бозаргонро то аз мусофират баргаштани шавҳараш дар хона нигоҳ медорад. «Тӯтинома»-и Нахшабӣ чанд бор таҳриру тарҷума шудааст. Абулфазл ибни Муборак «Тӯтинома»-и Нахшабиро аз ҷиҳати тарзи баён таҳрир (соддатар) карда, ҳаҷми онро то андозае мухтасар намудааст. Асрҳои 17—18 «Тӯтинома» тавассути шоирони форсизабони Ҳиндустон Ҳамиди Лоҳурӣ ва Мир Наҷмуддин ду дафъа ба риштаи назм кашида шудааст. «Тӯтинома» ба бисёр забонҳои халқҳои Шарқ, аз ҷумла, ба забонҳои даканӣ, ҳиндӣ, туркӣ, тоторӣ ва ӯзбакӣ тарҷума шудааст. «Тӯтинома»-и Зиёуддини Наҳшабӣ ба забони русӣ (1979) ва якчанд ҳикоятҳояш ба забонҳои англисӣ, немиси ва италиявӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Аз таҳрирҳон «Тӯтинома»-и Нахшабӣ машҳуртаринаш «Тӯтинома»-и насрии тоҷикии Муҳаммад Худованди Қодирист (асри 18). Он дар баъзе донишкадаҳои олии мамлакатҳои Европа чун китоби хониш истифода шуда, матнаш дар Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Эрон ва Европа борҳо ба табъ расидааст. Аз «Тӯтинома»ҳои Нахшабию Қодирӣ чанде аз ҳакоятҳо ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ мунташир гардидаанд[1].

  1. 1.0 1.1 1.2 Тӯтинома / А. Алимардонов. // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).

Адабиёт

вироиш
  • Зийа ад-Дин Нахшаби. Книга попугая (Тути-наме), Москва, 1979.
  • Алимардонов А., Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ, Душанбе, 1980.