Зиё Қоризода (форсӣ: ضیا قاری‌زاده‎; 1922, Кобул13 январ 2008, Конодо[1]) — шоир, овозхон ва оҳангсози аҳли Афғонистон.

Зиё Қоризода
Таърихи таваллуд: 1922
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 январ 2008(2008-01-13)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: оҳангсоз, шоир, dramaturge
Забони осор: пашту

Зиндагинома

вироиш

Аҳмадзиё Қоризода дар соли 1301 (1922) хуршедӣ, дар шаҳри куҳнаи Кобул зода шуд. Падараш Қорӣ Дӯстмуҳаммадхон, аз фаъолони неҳзати фарҳангии Афғонистон дар давраи шоҳ Амонуллоҳхон буд ва бо суқути ҳукумати амонӣ дар Кобул тирборон шуд. Зиё Қоризода, пас аз хатми мактаби амонӣ дар ҳамон мактаб ба шуғл муаллимӣ пардохт. Вай афзӯн бар муаллимӣ, вазоиф ҳам дар арсаи матбуот ва фарҳанги Афғонистонро бар ӯҳда доштааст.

Оҳангу мусиқӣ

вироиш

Зиё Қоризода оҳангҳои худро дар Родиюи Афғонистон ба номи мустаъори «Кабутар» забт мекард ва ҳамчунин барои иддаи зиёде аз овозхонони дигар оҳанг ва тасниф месохт. Таснифҳои ӯро устод Сароҳанг «Оҳиста биру», устод Раҳимбахш «шона дудаста мезанад…», Ношинос «Маро дар зиндагӣ аз оризуҳо нест ҷуз номе» ва Аҳмад Зоҳир «Аз ғамат ай нозанин» хондаанд. Худ низ 24 оҳанг дар бойгонии родию бар ҷой ниҳод.

Оҳангҳои «Мушки тоза меборад, абри баҳмани Кобул», «Диламро сарбасар савдо гирифта» ва «Чаман чироғон аст, ҳай ҳай гулакам» аз ҷумлаи осор баёдмондании Зиё Қоризода ба шумор мераванд.

Мероси адабӣ

вироиш

Мероси адабии Зиё Қоризода хеле бой ва рангин буда маҷмӯаҳои ашъори ӯ: «Найнавоз» (1949), «Паёми бохабар ва забони табиат» (1958), «Ашъори нав» (1958), «Ҳадаф» (1959), «Озодагон» (1961), «Мунтахаби ашъор» (1964) ва ғайра аз шуҳрат ва эътибори ӯ дар Афғонистон шаҳодат медиҳанд[2].

Биё, ки якдилу якрангу ҳамзабон бошем,
Барои ваҳдати ин қавм ҷонфишон бошем…
Биё, ки мамлакат аз мо вифоқ металабад,
Биё, ки муттафиқу шоду тавъамон бошем.

  1. ضیا قاریزاده، شاعر و آوازخوان افغان درگذشت. www.bbc.com. BBCPersian.com. 10 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Таърихи адабиёти ҷаҳон. Зиё Қоризода (1922 - 1989). old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 10 ноябри 2022 санҷида шуд.