Зоти алои тоҷикӣ (чорводорӣ)

(Тағйири масир аз Зоти алои тоҷикӣ (гов))

Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор — бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2022 № 4/2, зоти алои тоҷикӣ тасдиқ карда шудааст.[1]

Таърих

вироиш

Дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, бо усули истифода бурдани ҷуфтикунонии зотрӯёнӣ бо иштироки генофонди се зот: сиёҳало, ҳолландӣ ва голштинӣ офарида шудааст.

Бо истифода аз буққаҳои зоти голландӣ (1970-1985) дар вилояти Суғд ташкили авлодҳои бениҳоят сермаҳсули буққаҳои Сама-Виске, Бант, Луурика ва Неэроро ба роҳ монданд. Аз писарон, набераҳо, абераҳо ва чабераҳои ин буққаҳо то солҳои 1980 ба таври васеъ дар тамоми хоҷагиҳои вилоят истифода бурда шуд. Дар тамоми хоҷагиҳои вилояти Суғд зиёда аз 54 оилаҳои сермаҳсул ташкил карда шуданд. Модаговҳои ин оилаҳо аз рӯи маҳсулнокиашон, равғаннокиашон, вазни зинда, намуда беруна ва шакли синаашон аз дигарҳо фарқ мекарданд.

Баъд аз солҳои 80-ум дар тамоми ҷаҳон дар корҳои зотпарварӣ бо зоти сиёҳало аз буққаҳои зоти голштинӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Имрӯз ин зот яке аз зотҳои сермаҳсултарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ватани аслии ин зот Голландия мебошад. Баъдтар дар ИМА ва Канада васеъ паҳн шуд. Давлати Исроил аз ин зот аз як сар модагов то 13,5-14,0 ҳазор кг шир медӯшад. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ки чорводорӣ тараққӣ кардааст ба монанди Амрико, Канада, Голландия, Франсия, Япония аз ин зот самарабахш истифода мебаранд ва аз як сар модагов аз 7000 то 9000 кг шир медӯшанд. Ба ҷумҳурии мо низ буққаҳо ва нутфаи ин зотро аз солҳои 1980 сар карда ворид намуданд. Мақсади асосӣ баланд бардоштани маҳсулнокии ширӣ, беҳтар намудани сохти бадан, шакли сина ва дар як вақт нигоҳ доштани равғаннокӣ буд.

Дар байни подаи зоти сиёҳало имрӯз ҳайвоноти гуногунхун парвариш карда мешаванд. Исбот карда шудааст, ки бо зиёд шудани хуни голштинӣ то як дараҷаи муайян маҳсулнокӣ боло меравад. Тадқиқотҳо муайян намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои зоти голштинӣ маҳсулнокии зоти сиёҳалоро аз 500 то 1000 кг зиёд менамояд. Аз солҳои 1985 сар карда дар тамоми хоҷагиҳои вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ба голштинизатсиякунонии зоти сиёҳало шурӯъ намуданд. Дуруст ба роҳ мондани корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ зуд натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар заводҳои зотпарварии ба номи А. Саматови ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, заводи зотпарварии ба номи Ҷ. Расулови ноҳияи Б. Ғафуров ва “Палас”, хоҷагиҳои “Ирам” ва ба номи Э. Бойматоваи ноҳияи Конибодом пурра ба истифодаи буққаҳои зоти голштинӣ гузаштанд.

Таҷрибаҳо исбот намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои голштинӣ маҳсулнокии чорвои дурагаро баланд бардошта, сохти баданашонро беҳтар намуд. Дурагаҳо намуди ширӣ пайдо намуданд, вазни зиндаашон то ба 500-550 кг расонида шуд.[2]

Дар тӯли 20 соли баъди офаридани зоти говҳои алои тоҷикӣ саршумори ин тип хелоҳо афзоиш ёфт. Дар байни тамоми чорвои ширие, ки имрӯз мо дар ҷумҳурӣ дорем, ягона зоти говҳои алои тоҷикӣ, агар ба маънои пуррааш гӯем фаъолият доранд. Мардум инро мебинанд ва хубро аз бад фарқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, солҳои охир ареали паҳншавии тип хеле васеъ гашта саршумори он аз ҳисоби хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва шахсӣ хелеҳо зиёд шудааст.

Ширдӯшии подаҳои селексионӣ ба ҳисоби миёна 5406 кг шир, равғаннокии 3,85% ва равғани шир 208,4 кг-ро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби миёнаи пода 1000 кг ва аз стандарти класи якум 1500 кг зиёд аст.

Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷамъиятию саҳҳомии «Баракат», А. Юсуфов ва Л. Муродови шаҳри Ҳисор, А.Ҷумъаев, Навгилем, Бобо Мақсуд, Палосс, хоҷагии деҳқонии Б. Ғафуров, хоҷагии деҳқонии Ҷаббор Расулов, МҶБЧ Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ бо саршумори 2760 сар парвариш ёфта истодаанд. Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти алои тоҷики тасдиқ карда шудааст.[3]

Нигаред низ

вироиш
  1. Зоти говҳои алои тоҷикӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
  2. Зоти говҳои алои тоҷикӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
  3. Зоти говҳои алои тоҷикӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.