Зув-зувакон
Зув-зувакон
Як навъ бозии анъанавӣ, ки бачаҳо барои озмоиши дарозии нафас барпо мекунанд. Барои мусобиқа ҷойи муайянеро ҳамчун марраи интиҳоӣ қарор медиҳанд. Сипас бозигарон баробар истода, чуқур нафас гирифта, «зувв» гўён ба пеш метозанд. Касе, ки дуртар равад, яъне нафасаш ба масофаи дарозтар расад, ғолиб шуморида мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]
Адабиёт
вироиш1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995, с.195.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 182