Зуком (форсӣ: زُکام‎), ринит (аз юн.-қад. ῥίς, ῥινός — бинӣ), илтиҳоби луобпардаи бинӣ — бемории алоҳида (аз сирояти микробҳои мухталиф ва ниҳоят хунук хӯрдан ба вуҷуд меояд) ва бештар аломати чанде дигар амрози сироятӣ (масалан, грипп, хуноқ, назла, сурхча ва ғайра) мебошад.

Зуком
ИхтисосRhinology, Аллергология Edit this on Wikidata
Зуком
МКБ-10 J3030., J31.031.0
МКБ-9 472.0472.0, 477477
OMIM 607154
DiseasesDB 26380
MedlinePlus 000813
eMedicine ent/194  Шаблон:EMedicine2, Шаблон:EMedicine2
MeSH D012220

Пайдоиш ва аломатҳои беморӣ вироиш

Дар натиҷаи варами (газаки) луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд меояд. Авзои бемор кам тағйир меёбад, ҳарорат, одатан, мӯътадил аст ё аз 37 — 37,5° боло намешавад. Бо вуҷуди ин, мариз сарашро вазнин ҳис мекунад, қобилияти корӣ паст, бо бинӣ нафас гирифтан душвор мегардад; баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад, ҳисси шомма суст мешавад. Хусусан зукоми кӯдакони ширмак вазнин аст; азбаски вораҳои бинии онҳо хеле танг мебошанд, андак варамидани луобпардаи бинӣ ба ихтилоли нафас, хоб, лоғари (сина макида натавонистану гуруснагӣ)-и кӯдак сабаб мегардад. Баъзан илтиҳоб луобпардаи ҳалқум, найчаи гӯш, ханҷара ва ҳатто қасаба (бронхҳо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин қабил инкишофи зуком роҳ додан ҳаргиз мумкин нест.

Пешгирии беморӣ вироиш

Ҳангоми зуком чунин тадбирҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида мешаванд: бештар нӯшидани чой (ширчой, асалчой, чой бо қиёми марминҷон, қулфинай ва ғайра); мувофиқи тавсияи духтур истеъмол кардани доруҳои арақовар, антибиотикҳо ва ғайра. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мешавад. Сахт бинӣ афшондан ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ биниро оҳиста (бе зӯр задан) афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривақтии зуком сар кашидан ва иҷро накардани тавсияи духтур (масалан, оид ба бистарӣ гаштан) муҷиби инкишофи зукоми музмин мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки илтиҳоби бардавоми луобпардаи узвҳои нафас ба раванди мӯътадили нафасгирӣ халал ворид месозад. Зуком ҳамеша оқибати ниҳоят хунук хӯрдан ё амрози сироятӣ нест. Шахсони асабонӣ ва ҳаяҷонпазир бештар гирифтори зукоми аллергӣ (зукоми вазомоторӣ) мешаванд. Ин қабил зуком бо атсазании муттасил, ихроҷи барзиёди оби бинӣ, ашкрезӣ, хориши бинию пилкҳои чашм хурӯҷ меёбад (рӯзе чанд маротиба такрор мешавад).

Табобат вироиш

Барои табобати зукоми аллергӣ доруҳоеро кор мефармоянд, ки онҳо ҳассосияти баланди организмро мӯътадил мегардонанд. Зукоми навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти рустаниҳои хӯшадор пайдо мешавад. Сӯйистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, амрози дилу гурда, шароити кории зарарнок (масалан, ниҳоят чангу ғуборнок будани ҳаво) ба иллати музмин гузаштани зукоми шадид мусоидат мекунанд. Дар натиҷаи зукоми музмин луобпардаи бинӣ ғафс шуда, оқибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роҳҳои нафас тунук мешавад. Дар ин сурат барқарор намудани функсияи луобпарда ва ҳисси шомма басо мушкил хоҳад гашт. Аз ин рӯ, ба инкишофи зукоми музмин набояд роҳ дод. Андешидани тадбирҳое, ки зукомро пешгирӣ мекунанд, хусусан обутоби организм басо муҳим аст. Тавассути обутоби организм одам ба тағйири ҳарорат, сармо ё гармозанӣ, ба бодғар, рутубати барзиёд ё ҳавои хушк одат мекунад. Организмро ҳаво ва офтоб дода, ба оббозӣ, намудҳои тобистонаю зимистонаи варзиш муттасил машғул шудан лозим аст. Риояи қоидаҳои беҳдошт дар хона ва истеҳсолот хеле муфид мебошад. Ҳангоми чангу ғубор будани ҳавои коргоҳ аз респиратор истифода бурдан зарур аст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди II. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 512 с.
  • Самура Б. А., Черных В. Ф., Лепахин В. К. и др. Фармакотерапия с фармакокинетикой: Учебное пособие для студентов высш. учеб. заведений // Под ред. Б. А. Самуры. — Харьков: Изд-во НФаУ: Золотые страницы, 2006. — 472 с.
  • Самура Б. А., Малая Л. Т., Черных В. Ф. и др. Лекции по фармакотерапии // Под ред. Б. А. Самуры. — Харьков: Изд-во НФаУ: Золотые страницы, 2004. — 544 с.
  • Огородников Д. С., Пальчун В. Т. Насморк: как его одолеть Бойгонӣ шудааст 25 ноябри 2012  сол. // Мама и малыш. — 2004. — № 5.

Пайвандҳо вироиш