Зулбиё
Зулбиё — як навъ хӯрдании тоҷикӣ, ки аз орд, шир, тухм, қандоб ва хамиртуруш тайёр карда мешавад.
Барои тайёр кардани зулбиё аввал қандро дар оби гарми намакдор ҳал мекунанд. Баъд хамиртуруши пешакӣ ҳалкардаро илова намуда, меомезанд. Омехтаи ҳосилшударо полида, нисфи шири то ҳарорати 30-40°С гармкарда, орд ва тухмро илова намуда, ҳамаро то ҷисми ягона шудан омехта мекунанд. Хамири тайёркардаро 40-50 дақ. дам медиҳанд ва баъд шири боқимондаро илова намуда, то ҷисми ягона ҳосил шудан боз меомезанд. Хамири тунукро дар равғани рустании доғи дег ё дар тобаи тафсон аз ду тараф мепазанд. Ба рӯи зулбиёи тайёр асал рехта истеъмол мекунанд.
Барои 3 дона зулбиёи 50-граммӣ 75 г орди гандум, 50 мл шир, 3 г хамиртуруш, 25 мл об, 1 дона тухм, 5 г қанд, 2 г намак, 12 г равғани рустанӣ, 30 г асал лозим аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зулбиё / Н. Шарипов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.