Зулкифл (ар. ذوالكفل‎ — сарпараст; баҳраманд; касе, ки ба ӯ насиби дучандон расидааст) — яке аз шахсиятҳои банӣ Исроил; номаш ду бор дар Қуръон: дар радифи паёмбарон Исмоил ва Идрис аз ҷумлаи сабркунандагон (21:85) ва дар канори Исмоил ва ал-Ясаъ аз ҷумлаи некон (38:48) зикр шудааст.

Зулкифл
Сурат
Таърихи таваллуд ҳазорсолаи 1 то м.
Пеша паёмбар, набӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баъзе муфассирон ӯро паёмбар ва баъзеҳо марде солеҳ донистаанд. Табарӣ, Саолибӣ ва Байзовӣ гуфтаанд, ки ӯ Бишр / Башир ибни Айюб буда, пас аз падараш ба паёмбарӣ расидааст. Баъзеҳо Зулкифлро бо Илёс, Юшаъ ибни Нун, Юнус ибни Матто, Закарийё, ал-Ясаъ ибн Ахтуб (шогирди Илёс), Ҳизқил (Иезекиил) як донистаанд. Шабоҳатҳое миёни Зулкифл ва Убадё — яке аз шахсиятҳои «Китоби муқаддас» низ ба назар мерасад.

Дар мавриди номи Зулкифл ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Ба қавли Ғаззолӣ («Кимиёи саодат»), вайро барои он Зулкифл номиданд, ки пешниҳоди яке аз анбиёро дар бораи хашмгин нашудан пазируфт. Достоне ҳам дар бораи Зулкифлро ба хашм оварда натавониста, маъюс гаштани Шайтон мавҷуд аст. Ба як ривоят, Зулкифл ба сабаби наҷоти сад ё ҳафтод паёмбар аз марг ва ёрӣ расонидан ба онҳо ба ин ном шуҳрат ёфт. Ба ривояти дигар, Зулкифлро Худованд ба сӯи Канъон ном подшоҳе фиристод. Зулкифл ӯро ба имон хонд ва биҳиштро кафолат дода, замонатномае ҳам ба хатти хеш навишт. Тибқи навиштаи Саолибӣ, ӯ барои лутфу меҳрубонӣ ва кумак ба зане фосид Зулкифл номида шуд. Тибқи достоне, Зулкифл бо дархости мардум аз Худованд хост, то маргро аз миёни онҳо бардорад ва то худашон нахоҳанд, ба сӯяшон марг нафиристад. Ин дархост иҷобат шуд ва дар натиҷа ҷамъияти онҳо ба андозае афзоиш ёфт, ки зиндагиашон сахту душвор гардид. Дар миёнашон пирону беморон зиёд шуданд, ки аз умри худ сер гашта буданд, аммо аҷал ба суроғашон намеомад. Онҳо аз дархости худ пушаймон шуда, ба Зулкифл гуфтанд, аз Худо бихоҳад, то ҳар кас ба аҷали худ бимирад.

Зулкифл, ба қавле, дар 70-солагӣ, ба қавли дигар, дар 95-солагӣ фавтидааст. Табарӣ ва Саолибӣ умри ӯро 75, иқоматгоҳи доимӣ ва маҳалли даргузашташро Шом зикр кардаанд. Мақбарае дар масири роҳи Акко — Рамла (ҳоло дар Исроил) ҳамчун мақбараи Зулкифл шуҳрат дошт, ки Носири Хисрав онро зиёрат кардааст. Ҳамчунин чанд мақбараи дигар, аз ҷумла дар нимароҳи Наҷаф — Карбало, дар қарибии ш. Ҳиллаи Ироқ ва дар наздикии ш. Тирмиз ҳамчун марқади Зулкифл зикр шудаанд.

Адабиёт

вироиш