Зулмобод (деҳа, н. Шоҳин)
Зулмобод (то соли 1930 Зулмобод, то соли 1990 Комсомолобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Зулмобод то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км, то маркази вилоят 214 км; роҳ мошингард. . Аҳолиаш 1603 нафар (2018), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Шамсиддин Шоҳин |
Ҷамоат | Деҳоти Шӯрообод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1573 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3319 |
Иқтисод
вироишДеҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, клуб, 2 масҷиди панҷвақта ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа 86 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва устохонаи оҳангарӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зулмобод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2