Зулмот
Зулумот (ки дар шеър гоҳе ба сукуни лом ҳам талаффуз мешавад) - ҷамъи зулмат ва қисмате аз замин дар минтақаи шимол аст, ки ба ақидаи қудамо дар он ҷо доиман шаб бошад ва оби ҳаёт дар онҷост ва ҳамчунин гавҳарҳо дар он ҷо парокандааст. Бино бар ривоёт ва афсонаҳо Искандар ва Хизр ба талаби оби ҳаёт ба он ҷо рафтанд ва Хизр оби зиндагӣ бихурд ва зиндаи ҷовид монд вале Искандар ба манзили мақсуд роҳ наёфт. Омехтагии ривоёти марбут ба Искандар ва Зулқарнайн сабаб шуда, ки қазияи рафтан ба зулумот ва ҷустуҷӯи оби ҳаёт ба Зулқарнайн низ нисбат ёфтааст:
- Шунидаӣ, ки Сикандар бирафт то зулмот
- Ба чанд меҳнату хурд он ки хурд оби ҳаёт.
(Саъдӣ)
Манобеъи торихӣ қазияи рафтани Искандар ба зулумотро дуруст надониста ва гуфтаанд, ки гирифтории Искандар ва сипоҳаш дар меҳҳои кӯҳистони шимоли Афғонистон сарчашмаи ривоёт дар бораи рафтани ӯ ба Қутб ва зулумот шудааст.[1]
Пайвандҳо
вироиш- ↑ Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг. 16 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.