Зулфия Баҳриддинова
Зулфия Баҳриддинова (тав. 7 марти 1922[1], Хуҷанд — 18 ноябри 2013, Хуҷанд, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — сӯзанидӯз ва рассом, Рассоми халқии Тоҷикистон (1974), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1957), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1980).
Таърихи таваллуд | 7 март 1922 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 18.11.2013 |
Унвонҳо |
Зиндагинома
вироишСанъати қаламкаширо аз падар ва сӯзанидӯзиро аз аммааш Шарафнисо Нуриддинова омӯхтааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод (1941) ва Институти давлатии педагогии Ленинобод (1950). Муаллим ва директори (1966-78) омӯзишгоҳи номбурда. Солҳои 1957-87 сарвари шуъбаи ИР Тоҷикистон дар вил. Суғд буд. Б. аз ҷумлаи устодони номии санъати гулдӯзӣ мебошад. Дар давоми 70 соли меҳнати пурсамар зиёда аз 300 асари бузургҳаҷм офаридааст. Аввалин сӯзаниҳои Б. дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав (1941) намоиш дода шудаанд. Б. санъати гулдӯзиро ривоҷ дода, ба он обуранг ва мазмуни тоза бахшидааст. Ба туфайли сӯзаниҳои ӯ бисёр нақшҳои сӯзаниҳои садаҳои 18-19 ва аввали садаи 20 (мас., нақшҳои «Пайпоқи уштур», «Офтоб», «Бодомгул», «Қаламфур», «Моҳу ситора» ва ғайра) эҳё гардидаанд.
Осор
вироишАсарҳои ӯ маҳз бо зебоӣ ва нафосату назокати беҳамтои худ аз осори дигар ҳунармандон фарқ мекунанд. Сӯзаниҳои «Бойгариҳои Тоҷикистон», «Ба муносибати 800-солагии Маскав», «Ленин ва ГОЭЛРО», «Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав», «1000-солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино», «50-солагии ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон» ва ғ. санъати гулдӯзии тоҷикро ба пояи баландтар бардоштанд. Партретҳои дар сӯзанӣ сабткардааш (Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, С. Айнӣ, М. Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, А. Лоҳутӣ, А. С. Пушкин, М. Горкий, В. Маяковский ва диг.) аз истеъдоди нотакрори ин ҳунарманд гувоҳӣ медиҳанд. Б. расми Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар синни 85-солагӣ дар сӯзанӣ сабт кардааст. Ӯ бо шогирдонаш пардаи Қасри Арбобро гулдӯзӣ кардааст, ки то ҳол мавриди истифода мебошад. Сӯзаниҳои Б. дар намоишгоҳҳои байналмилалии бисёр кишварҳо, аз ҷумла Россия, Белгия, Полша, Чехославакия ва ғ. сазовори баҳои баланди бинандагон гардидаанд. Саҳми Б. дар тарбияи ҳунармандони навкор хеле калон аст.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Дӯстии халқҳо, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Пезидиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳриддинова Зулфия / Х. Содиқова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.