Зулфия Содиқова
Зулфия Содиқова (тав. 23 январи 1968, Душанбе) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
| |
Таърихи таваллуд: | 23 январ 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
IMDb: | ID 5321590 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишЗулфия Содиқова 23 январи соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1985 пас аз хатми мактаби № 23 шаҳри Душабе ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба шуъбаи ғоибонаи гурӯҳи коргардонӣ дохил мешаванд. Баъд аз як соли таҳсил бо маслиҳати муаллимашон Мақсудшоҳ Иматшоев аз шуъбаи ғоибона ба шуъбаи рӯзона мегузаранд.
Соли 1987 Зулфия Содиқова аз имтиҳони махсус гузашта ҳамроҳи дигар ҷавонон аз Душанбе ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил мешавад.
Хонавода
вироишОиладор, соҳиби чор фарзанд.
Фаъолият
вироишПас аз хатми донишкада ба Душанбе омада дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад. Баъдтар ба театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи В. Маяковский, фаъолият намуда то имрӯз зиёда аз 70 нақшҳои гуногунро дар театрҳо иҷро кардааст.
Аз соли 2008 котиби масъули КФБ (МКФ) «Дидор», аз соли 2011 директори «Хонаи кино» ва ҳамзамон ҳамчун ҳунарманди театри драмавии ба номи В. Маяковский кор мекунанд.
Синамо
вироишНақши аваллинро дар синамо Зулфия Содиқова дар 39 солагӣ, дар филми омӯзишии «Наво»-и Наргис Мамадбекова бозӣ карданд. Баъдан дар филмҳои «Марде, ки бо барф меояд»-и Муҳсин Махмалбоф, «Қиёми рӯз» ва «Муаллим»- и Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Арӯси замонавӣ», «Арӯси замонавӣ 2», «Домоди замонавӣ»-и Набиҷон Пирматов, «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов, «Хушдоманҳо ва ё ман на манам»-и Манзаралӣ Шералӣ ва бисёр филмҳои пурраҳаҷму кӯтоҳи дигар нақшҳои хотирмоне бозидаанд[1].
Унвону ҷоизаҳо
вироишБо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст[2].