Зулхумор Иброҳимова
Зулхумор Иброҳимова (тав.14 марти 1952) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012)[1].
Таърихи таваллуд: | 14 марти 1952 |
---|---|
Зодгоҳ: | Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Театр | Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ |
Зиндагинома
вироишЗулхумор Иброҳимова 14 марти соли 1952 таваллуд шудааст. Аз рӯи нақли худи ӯ, хоҳаре аз худаш 2 сол калон дошта буд, ки дар синни 14 солагӣ бемор шуда аз дунё гузаштааст. Ин зарбаи сахт барои падару модараш сабаб шудааст, ки ба Зулхумор интихоби озоди касб диҳанд. Аввал ҳунарпеша мехост табиб шавад. Ӯ ки бо Фотима Ғуломова робитаи хешутаборӣ дошт ба хонаи он кас равуо карда дили Зулхуморро ба ҳунар гарм кард. Ҳамин тавр ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъат супорида онҷоро хатм намудааст.
Ӯ аз давраи ҷавонӣ бо телевизион ҳамкорӣ кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар Театри давлатии академӣ –драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор шурӯъ намуд. Ӯ дар намоишномаҳои «Хоби ширин, хурдтаракон», «Алифбоҷон», «Ман, ту ва мултик» нақш офаридааст. Нақши Ҳоҷар аз намоишномаи «Садо аз тобут» ӯро ба мардум муаррифӣ намудааст.
Зулхумор дар синамо низ фаъолият мекунад аммо шавҳараш зиди фаъолияти ӯ дар синамо буд. Зеро бисёр банди филм шуда барои тарбияи фарзандон монеагӣ эҷод мешуд.
Зулхумор тақрибан 50 сол мешавад, ки дар Театри давлатии академӣ –драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунал. Зиёда аз 80 нақши хурду бузургро бозидааст ва дар синамо қариб 20 нақш дорад.
Ҳаёти шахсӣ
вироишЗулхумор Иброхимова баъди хатми донишгоҳ бо ҳамкурсаш оиладор шудааст, ки шавҳараш коргардон шуда кор мекунад. Онҳо соҳиби 2 фарзанданд, 1 духтару 1 писар.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.