Зулқаъда, Зулқиъда, Зилқаъда, Зиқаъда (аз арабӣ: ذوالقعده — соҳиби нишастан ё сулҳ) — моҳи ёздаҳуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ки миёни моҳҳои шаввол ва зулҳиҷҷа аст; яке аз чаҳор «моҳи ҳаром» дар канори раҷаб, зулҳиҷҷа ва муҳаррам.

Тақринбан соли 412 дар аҳди Килоб ибни Мурра чунин ном гирифт. Дар сабаби номгузориаш омада, ки арабҳо дар ин моҳ дар манзилҳои худ нишаста, аз ҷангидан, сафар барои фароҳам овардани маводди рӯзгузаронӣ ва рафтан аз пайи чорво ба чарогоҳ худдорӣ карда, барои ҳаҷ омодагӣ мегирифтанд. Зулқаъда пеш аз ислом дар байни қавму қабилаҳои гуногуни нимҷазулқаъда Арабистон бо номҳое, аз қабили варна, ҳарф, ҳувоъ, ҳайфал, муҳлис ва ранна хонда мешуд. Зулқаъда 30 рӯз аст, вале гоҳе 29 рӯз низ меояд. Баъзе муфассирон дар тафсири қавли Худованд дар мавриди рафтани Мусо (а) ба миодгоҳ (Қуръон, 7:142) гуфтаанд, ки ин миоди сишаба дар зулқаъда иттифоқ афтода, 10 шаби дар идомаи оят зикршуда ба 10 рӯзи аввали зулҳиҷҷа баробар аст. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, «мақсуд аз сӣ шаб шабҳои моҳи зулқаъда ва мақсуд аз даҳ рӯз ҳамин даҳи мазкур аст» аз зулҳиҷҷа («Осору-л-боқия», саҳ. 385).

Дар давраи ҷоҳилият арабҳо маросиму маносики ҳаҷро ду сол дар зулқаъда ва ду сол дар зулҳиҷҷа барпо мекарданд. Ин равишро, ки ҳурмат (ҳаром будан)-и ҷанг ба таъхир андохта, ба ҷои моҳи муҳаррам моҳи сафар ҳаром хонда мешуд (нигар насӣ), Қуръон (9: 37) қотеъона рад кард. Паёмбар (с) дар ҳаҷҷатулвадоъ аз бакоргирии он наҳй кард ва моҳҳои ҳаҷ дар шаввол, зулқаъда ва зулҳиҷҷа муқаррар шуданд. Пеш аз ислом ва пас аз зуҳури он баъзе қабилаҳои араб, ба як ривоят, 20 рӯзи аввали зулқаъда, ба ривояти дигар, дар нимаи дуввуми зулқаъда дар Макка бозори Укозро барои тиҷорат, шеър ва табодули манфиатҳо барпо мекарданд ва баробари дидани ҳилоли зулҳиҷҷа ба бозори Зилмаҷоз мерафтанд, ки он то рӯзи ҳаштуми моҳи мазкур тӯл мекашид. Дар ин бозорҳо агар нафаре қотили падар ё бародарашро медид, бинобар ҳурмати зулқаъда, ошуфта намегашт ва бо ӯ даргир намешуд.

Рӯйдодҳо

вироиш

Аз ҷумлаи ҳодисаҳои воқеъшуда дар зулқаъда хурӯҷи паёмбар (с) дар соли 628 барои умра аст, ки мухолифонаш монеи он шуданд. Сипас сулҳи Ҳудайбия баста шуд, ки дар он, аз ҷумла, умраи қазо дар зулқаъда-и соли оянда (629) дар назар дошта шуд. Рӯзи шанбеи 25-уми зулқаъда-и соли 632 паёмбар (с) барои адои ҳаҷ (ҳаҷҷатулвадоъ) аз Мадина ба сӯи Макка раҳсипор шуд.

Адабиёт

вироиш