Зумрадшоҳ (деҳа, н. Исфара)
Зумрадшоҳ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зумради ноҳияи Исфара. Аз Зумрадшоҳ то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2674 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Зумрад |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2674 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3462 |
Иқтисод
вироишДеҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, чойхона, 3 масҷиди панҷвақта, тӯйхонаи «Зумрадшоҳ» ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хочагӣ: боғдорӣ (бештар зардолу), сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯди Исфара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 179 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Дар канори деҳа маҷмааи осоишгоҳи иқлимӣ-гармобшифоии «Зумрад» (1970) воқеъ аст, ки дар ҳудудаш чойхонаи миллии «Сино», осорхонаи инфиродии Мирзо Олимов, китобхона, толори консертӣ мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зумрадшоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2