Зумудг (деҳа, н. Ишкошим)

Зумудг — деҳа дар ҷамоати деҳоти Птупи ноҳияи Ишкошим. Аз Зумудг то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 59 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 840 нафар (январи 2017), тоҷикон.

Деҳа
Зумудг
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ВМКБ
Ноҳия Ишкошим
Ҷамоат Деҳоти Птуп
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 840 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3553

Итисод

вироиш

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, осиёби обӣ ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии «Ҳаёти Нав» ва корхонаи коркарди чӯб фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш