Зуҳра (ар. زهره‎ — сафедӣ ва ҳусн) — яке аз образҳои бадеӣ дар адабиёти классикии форс-тоҷик, ки бештар дар назм истифода шудааст.

Ривоёт

вироиш

Тибқи ривоёт Зуҳра дар асл зани соҳибҷамол ва аз фарзандони Нӯҳ буд, ки фариштагон — Ҳоруту Морут ошиқаш шуда, Исми аъзамро ба ӯ ёд доданд. Зуҳра Исми аъзамро хонда, ба осмон рафт ва он ҷо ба ситораи тобон табдил ёфт. Дар тасаввури мардуми пешин ситораи Зуҳра ба зани шутурсаворе монанд буд, ки дар даст барбат машғули навохтан аст. Бинобар ин онро эзади мусиқӣ, мутрибаи фалак, сарпарасти ромишгарону хунёгарон шуморидаанд. Зуҳра ситораи аҳли тараб ва махсуси занон шуморида мешавад. Дар асоси ҳамин тасаввурот ва боварҳо дар адабиёти классикии форс-тоҷик Зуҳра ба ҳайси илоҳаи зебоӣ, суруду тарона ва суруру нишот тавсиф шудааст:

Зи тори тараб Зуҳра бигсаст чанг,
Ки бар мутрибон айш аз ӯ гашт танг.

Ҷомӣ

Барзад шуои Зуҳраю бӯи гулоб аз ӯ,
Аз бӯи ӯ гулу тарабу лаҳв бишкуфид.

Башшори Марвазӣ

Зуҳра дар шеър бо ибораҳои «мутрибаи фалак», «Зуҳраи чангӣ», «Зуҳраи барбатнавоз», «Ноҳиди чангӣ» ва ғ. низ ифода ёфтааст:

Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин,
Зи лаъби Зуҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш.

Ҳофиз

Чунон баркаш овози хунёгарӣ,
Ки Ноҳиди чангӣ ба рақс оварӣ.

Ҳофиз

Саъди Салмон тасаввуроти эрониёни пешинро дар бобати ба рӯзи ҷумъа мансуб будани Зуҳра чунин тавсиф кардааст:

Одина мизоҷи Зуҳра дорад,
Чун омад, лаҳву шодӣ орад.
Ай Зуҳраҷамол, бода дардеҳ,
К-имрӯзам бода беҳ гуворад.

Адибони гузашта ва муосири форс-тоҷик дар асоси калимаи Зуҳра ибораву мафҳумҳои зиёди шоирона сохтаанд, ки «зуҳрабаногӯш», «зуҳраҷабин», «зуҳрарухсор», «зуҳрахисол», «зуҳратабъ», «зуҳранаво», «Зуҳраи барбатсаро» ва «Зуҳраи осмони ҷамол» аз он зумраанд. Намунае аз осори классикон, ки бо калимаи Зуҳра шеър гуфтаанд:

Бандаи ҷуди ту зебад Офтоби нурбахш,
Мутриби базми ту шояд Зуҳраи барбатсарой.

Саноӣ

Ҳаргиз касе надошт чунон хилват, ки ман
Бо он нигори зуҳрабаногӯш доштам.

Абулвосеи Ҷабалӣ

Зуҳра дар адабиёти форс-тоҷик боиси ба вуҷуд омадани талмеҳоти зиёде гардидааст:

Аз ҷамоли Зуҳрае бигдохтӣ,
Дил ба чоҳи Бобиле андохтӣ.

Адибон Зуҳраро ба сифати киноя ва истиора ҳангоми тавсифи зан, духтари зебо ва маъшуқаи маҳфилоро истифода кардаанд:

К-он Зуҳраи шабнишини бехоб,
Чун дар ғами дӯст монд бетоб...

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Адабиёт

вироиш