Зуҳро Аҳророва
Зӯҳро Аҳророва (Аҳророва Зӯҳро Додохоновна; 22 марти 1940, шаҳри Андиҷони ҶШС Ӯзбекистон – 20 апрели 2011, Душанбе) — духтури офталмолог, доктори илмҳои тиб (1990) — профессор. (1992) — Аълочии тандурустии Тоҷикистон.
Аҳророва Зӯҳро Додохоновна | |
Таърихи таваллуд | 22 март 1940 |
Зодгоҳ | Андиҷон |
Таърихи даргузашт | 20 апрел 2011 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишИнститути давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1963). Ординатори клиникӣ (1963–69) — ассистент (1969–91) ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ (аз 1991). Дар мавзӯи ташхиси бемории оби марворид, глаукома, ҳамчунин нишондодҳои клиникию эпидемиологии бемории мазкур пажӯҳиш анҷом додааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи 147 мақола, 17 тезис ва 4 тавсияи навоварӣ.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Шараф» (дараҷаи I) сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Клинико-функциональные результаты имплантации ИОЛ в Согдийской области Республики Таджикистан ⁄⁄ Материалы 4-ой Евро-Азиатский конференции офтальмологов по микрохирургии глаза, Екатеринбург. 2006;
- Проблема биоэтики в современной медицине и ее перспективы развития в Таджикистане ⁄⁄ Этическая экспертиза биомедицинских иследований в государствах – участниках СНГ». СПб., 2006;
- Принципы исследовательской этики: независимость, милосердие, справедливость ⁄⁄ Материалы Международного научного конгресса Форума комитетов по биомедицинской этике». Ташкент, 2006.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аҳророва Зӯҳро // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.