Зуҳурии Туршезӣ
Нуруддин Муҳамад Зуҳурии Туршезӣ (форсӣ: نورالدین محمد ظهوری ترشیزی; 1537, Туршез[d] — 1616) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1537 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1616 |
Навъи фаъолият: | шоир, panegyrist |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМавлоно Нуриддин Муҳаммад Зуҳурӣ аз шоирони номовари садаи даҳум ва дар сарзамини ҳинд ном баровард ва ҳамонҷо сар ба хоби абад даркашид. Зодгоҳаш қарияи Ҷаманд аз тавобеи Туршез буд. Ҷавонияш ба касби адабу донишҳои замон дар Хуросон гузашт, сипас ба даргоҳи Амир Ғиёсуддин Муҳаммад Мири Мирон волии Язд роҳ ҷуст ва чанд гоҳе дар хидмати ӯ ба сар бурд ва дар ҳамон диёр бо Ваҳшии Бофқӣ (991ҳ) ошноӣ ва мусоҳибат ёфт. Баъд аз чанд гоҳ ба Шероз азмият кард ва дар онҷо бо Дарвеш Ҳусейн Солики Шерозӣ шоиру наққош ва тазҳибгари маъруфи садаи даҳум дӯстӣ ва мулозимат дошт. Таърихи сафари Туршезӣ аз форс ба ҳинд равшан нест, вале инро медонем, ки вай аз онҷо вориди Дакан шуд ва дар Байҷопур ба даргоҳи Одилшоҳиён расид ва Одилшоҳ Иброҳими Сонӣ (987—1035 ҳ)-ро дар қасидаҳо ва манзумаҳои худ сутуд ва аз ҳамон сомон буд, ки оҳанги сафари Ҳиҷоз намуд ва дар бозгашт ба ҳинд дар Аҳмаднигар пойтахти Низомшоҳиён ба хидмати Мирзо Абдураҳим Хонхонон пайваст. Вафоти ӯ дар соли 1025 ҳ замони шӯришҳои Дакан иттифоқ афтод.
Осор
вироишЗуҳурӣ дар назму наср ҳар ду даст дошт ва дар ин ҳар ду фан миёни порсигӯён ва порсишиносони ҳинд, ҳам аз аҳди худ шуҳрати бисёр ёфт.
Насри ӯ ба шеваи насрҳои маснӯъ аст, ки бо саҷъҳо ва ороишҳои гуногун ва ба кор бурдани вожаҳои душвору кинояҳо ва истиораву аҷозҳои вофир ҳамроҳ аст ва аз бисёрии шуҳрат ва ривоҷ дар Ҳиндустон ба унвони "сармашқи фасоҳат ва иншоиву тарсул ва ба сурати китобҳои дарсӣ ба кор рафта ва аз онҳо хоса аз «Се насри Зуҳурӣ» нусхаҳое пардохта ва чопҳо тартиб додаанд. Маҷмӯъаи муншаоти Зуҳурӣ ташкил мешавад аз:
- Дебочаи наврас, ки муқаддимае аст бар китоби «Навраси хаёл» асари Иброҳими Одилшоҳ волии Байҷопур.
- «Гулзори Иброҳим» дар ситоиши Иброҳими Одилшоҳ, ки номаш дар оғози он омада ва Зуҳурӣ онро бо ҳамкории Малик Қуммӣ фароҳам овард.
- «Хони халил» ки он ҳам бо мушорикати Малик ба номи Иброҳими Одилшоҳ ва дар ситоиши вай тартиб ёфта ва Зуҳурӣ баъзе аз дарбориёни Одилшоҳ ва шоирони ҳамтарози худро, ки дар Байҷопур будаанд дар он китоб ном бурдааст.
- Чанд нома аз Зуҳурӣ монанди мактубе ба Файзи Файёзӣ навишта ва «Панҷ руқъа» ва ҷуз онҳо.
Девони ӯ шомили қасида, ғазал, таркиббанд, қитъа ва рубоӣ аст, ки даҳ ҳазору чаҳорсад байтро фаро мегирад ва бо «Соқиномааш» аз 14500 байт зиёдтар мешавад. «Соқинома»-и Зуҳурӣ ба номи Низомшоҳ Бурҳони Сонӣ таълиф шуда ва ҳам аз оғоз ба сабаби тозагии матлаб ва бардоштҳои вижаи шоирона ва орифонаву тафсили шуҳрат ёфта аст.
Қасидаҳо Зуҳури саромади асарҳои ӯст, ки ба иқтифои қасидагӯёни бузурги пешин танзим шудаа аст ва аграчи бештари суханшиносони ҳамаҳд ва пас аз ӯ хостаанд ӯро дар ин роҳ бо устодони бузурге аз қабили Имоди Шаҳриёрӣ ва Асири Ахсикати муқоиса кунанд ва ё таҷдид кунандаи расми устодони мусаллами қадими бишмаранд. Вале ҳақиқат он аст, ки ӯ дар қасидаҳо хеш бештар ҷониби лафзро гирифта ва дар ин роҳ ҳам ончунон ки пиндоштаанд қодтр набудааст ва байтҳои сусту мабҳум дар қасидаҳояш гоҳ ёфта мешавад ва дар ин миён набояд фаромӯш кард, ки ӯ аз итилооти илмии худ дар офаридани таъбирҳо ва ташбеҳҳову истиораҳое ба расми устодони қадим истифода мекард ва ба таълифи қасидаҳои мадҳии тӯлонӣ таваҷҷуҳи хоса дошта ва доманаи мадҳро гоҳ ба сафҳои гуногун аз мамдӯҳ мекашонида а дар ин тавсифҳо ба тафсили бисёр мепардохта аст. Қасидаҳоро бо тағаззул ё ташбеҳҳо оғоз мекард, лекин аз уҳдаи «ҳусни тахаллус» ба сахти бар меомад яъне ғолибан наметавонист монанди устодони гузашта ва бо маҳорати онон миёни муқаддимаи қасида ва мақсуд аз он яъне мадҳи мамдӯҳ иртиботе эҷод кунад. Илова бар ин қасидаҳояш аз лағзишҳое дар сухан ва нотавониҳое дар эҷоди иртиботи маънавӣ дар эъҷози калом ва аз валангориҳое дар ба кор бурдани вожаҳои нодир боист бар канор нест. Шариатҳо ва дуоҳои ӯ ҳам дар қасидаҳои мадҳӣ чандон устодона нест ва агар аз ин гуна айбҳо бигзарем шояд битавон ӯро дар радифи қасидасароёни мутавассити садаҳои ҳаштуму нуҳум ниҳод.
Ғазалҳои Зуҳурӣ латифтар ва бо ҳолтар аз дигар анвои сухани ӯст ва дар онҳо ҳамон нозук хаёлиҳои Зуҳурӣ ва зарофатҳое, ки дар ғазалҳои қарни нуҳум пайдо шуда буд идома дорад ва дар ҳамон ҳол таваҷҷуҳаш ба маъниҳоӣ тоза ва мазмунҳои наву баёни эҳсосоҳои ғиноии рақиқ ба офаридани таркибҳо ва ба кор бурдани иборотҳо ва ҷумлаҳои истиори ёрии бисёр мекунад, аммо каломаш дар ин ғазалҳо ҳамвора устувор ва мунтахабу мақрун ба истеҳком ва хушовоии сухани қасидагӯён аст.
Намунаи ашъор
вироиш- Ошкоро гашт розам, лутфи пинҳонӣ бас аст,
- Аз гиребон шуъла сар зад доман афшонӣ бас аст.
- Ҳар нигоҳе гашта занҷиреву бар пои диласт,
- Чанд аз ин дуздида диданҳо, нигаҳбонӣ бас аст,
- Ақлро шӯри ҷунун зере забар дорад агар,
- Зери лаб дигар чи мегӯӣ? Фусунхонӣ бас аст.
- Табъи ман гармасту ширини зиён медорам,
- Заҳри чашме аз табассум шаккарафшонӣ бас аст.
- Дар хумори зуҳди хушкам соқии тардаст ку
- Хирқае олуда созам покдомонӣ бас аст.
- Каъбаро дар тирагӣ дорад сафоӣ ботинам,
- Роҳи дайре пеш гирам ин мусалмонӣ бас аст.
- Соликон, охир Зуҳурӣ раҳ ба ҷое мебаранд,
- Маҳмилу пӯшаш ҳамин гарди биёбоне бас аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди чаҳорум. Саҳ-356, интишороти Фирдавс. 1391 Тироз. Таълифи доктор Забеҳулло Сафо