Ибни Надим
Ибни Надим (ар. ابن النديم), Абулфараҷ Муҳаммад ибни Исҳоқи Надим (ар. أبو الفرج محمد بن أبي يعقوب بن إسحاق النديم الوراق البغدادي; асри X, Бағдод — 995[1]) — китобшинос, таърихнигор, феҳристнигор, муҳаққиқи барҷаста, нависанда ва муаллифи китоби «ал-Феҳрист».
ар. مُحمَّد بن إسحٰق بن مُحمَّد بن إسحٰق البغدادي | |
Таърихи таваллуд | асри X |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 995[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишИбни Надим бо нисбаи Варроқ (касби худ ё падараш) низ шуҳрат дорад. Дар асоси нигоштаҳои худи муҳаққиқ дар «ал-Феҳрист» ӯ чанд муддат дар Мавсил ва баъдан дар Бағдод зиндагӣ карда, дар ҳамин ҷо фавтидааст. Ибни Надим бо илмҳои замони худ ошноӣ дошта, дар фалсафа соҳибназар буд. Ба қавли баъзе донишмандон Ибни Надим ба ҷараёни муътазила ва таълимоти имом Абуҳанифа гароиш дошт[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 6. — С. 29.
- ↑ Ибни Надим / А. Саидов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 415. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.