Китобшиносӣ

(Тағйири масир аз Китобшинос)

Китобшиносӣ (форсӣ: کتاب‌شناسی‎), библиогра́фия (аз юн.-қад. βιβλιογραφία — «навиштани китоб» ← βιβλίον — «китоб» + γράφω — «менависам») — соҳаи фаъолияти илмӣ ва амалӣ, илми шинохти китоб аз лиҳози шакли моддӣ ва сохтори матну ихтилофоти мавҷуд дар чопҳову таҳрирҳо ва нусхаҳои он.

Бахши китобшиносии Китобхонаи донишгоҳӣ дар Гратс

Вазифаҳои асосӣ

вироиш

Вазифаи асосии китобшиноси додани маълумот доир ба асарҳои чопӣ ва барои мақсади муайяни иҷтимоӣ тарғиб намудани онҳост. Илме, ки таърих ва назарияи китобшиноси, ташкили фаъолият ва усули китобшиносиро меомӯзад, библиографияшиносӣ ном дорад. Он усули мураттаб сохтан ва омӯхтани феҳрист, рӯйхат ва тавсифи асарҳои чопиро таҳия менамояд, мазмуни асарҳоро кушода, ба онҳо баҳо медиҳад ва ғ. Феҳрист ва рӯйхати мазкур низ китобшиноси ном дорад.

Таърих

вироиш

Асосгузори китобшиноси олими юнонӣ Каллимах (тақр. солҳои 310—240 пеш аз м.) мебошад. Асари библиографии ӯ «Ҷадвалҳои кулли риштаҳои дар маърифат шуҳратдор ва осори онҳо» аз 120 ҷилд иборат аст. Китобшиносӣ аз ҷиҳати вазифа — ахборӣ, танқидӣ ва тавсиявӣ, аз ҷиҳати мазмун ва навъи асар — умумӣ, махсус, тарҷумаиҳолӣ, кишваршиносӣ, аз ҷиҳати замони нашри асарҳо — ҷорӣ ва тарҷеҳӣ, аз ҷиҳати ҷойи нашри асарҳо — давлатӣ, маҳаллӣ ё кишварӣ мешавад.

Китобшиносии тоинқилобии тоҷик

вироиш

Гузаштагони мо баробари мероси бойи илмию адабӣ дастурҳои хеле муҳимми библиографӣ низ боқӣ гузоштаанд, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Самарқанд, Марв ва ғ. маҳфузанд. Феҳристи китобхонаи Сомониён то давраи мо нарасида бошад ҳам, ба вуҷудияти воситаҳои муайяни китобшиносии замонаш шаҳодат медиҳад. Рӯйхати дар «Рисолаи саргузашт» овардаи асарҳои Ибни Сино то охири садаи XIX аз номгӯи нисбатан мукаммали осори олим ба шумор меравад. Намунаи дастурҳои библиографии асарҳои дигар ҳам кам нестанд. Махсусан нишондиҳандаҳои библиографии «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, библиографияи шарҳиҳолии «Феҳристи асарҳои Розӣ»-и Абурайҳони Берунӣ, «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино, «Иршоду-л-ариб илал маърифат-ил-адиб»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Уюну-л-анбо фӣ табақот-ил-аттибо»-и Ибни Абуусайбиа, «Китобу-л-ансоб»-и Муҳаммад ибни Мансур Самъонии Марвазӣ, «Таттимату сивону-л-ҳикма»-и Заҳириддин Абулҳасани Байҳақӣ (ҳамааш садаи XII), «Таъриху-л-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ, «Вафоёту-л-аъён ва анбаъ-уз-замон»-и Ибни Халикон, «Қомусу-л-аълом»-и Шарафуддини Сомӣ (ҳамааш садаи XIII), «Фаслу-л-китоб»-и Муҳаммади Порсо (асри 14), «Тароиқу-л-ҳақоиқ»-и Маъсуми Шерозӣ, «Шаҷарот-уз-заҳаб»-и Абдулфаттоҳи Ҳанбалӣ, «Лисону-л-мизон»-и Шаҳобуддини Асқалонӣ, «Нузҳату-л-арвоҳ»-и Муҳаммади Шаҳрзурӣ, «Бӯгиёҳ»-и Ҷалолиддини Суютӣ (ҳамааш садаи XVI), «Номаи донишварон», «Ҷавоҳиру-л-музия»-и Муҳиддин ибни Абдулвафо, «Кашф-уз-зунун ан асоми-ил-кутуб ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа (садаҳои 17-18), «Миръоту-л-кутуб»-и Муҳаммади Табрезӣ (1901) ва ғ. ба арабӣ эҷод шуда бошанд ҳам, дар рушди Б-и тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Қисме аз онҳо дар феҳристи дастнависҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Китобшиносии давраи шӯравии тоҷик

вироиш

Тартиб додани китобшиноси ба маънои том баъди Инқилоби Октябр вусъат ёфт. Нахустин дастури библиографӣ феҳристи маъхазҳои асосӣ буд, ки устод С. Айнӣ дар охири «Намунаҳои адабиёти тоҷик» овардааст. Соли 1931 Нашриёти давлатии Тоҷикистон аввалин феҳристи худро иборат аз 425 номгӯй китоб ба забони тоҷикӣ ба табъ расонд. Соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил ёфт (аз соли 1991 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ), ки ба рушди китобшиносии тоҷик мусоидат намуд. Таъсиси Агентии давлатии Хонаи китоби Тоҷикистон (1936) дар Тоҷикистон ба китобшиносии давлатӣ асос гузошт. Дар солҳои 1950-70 Б-и тоҷик хеле рушд кард. Як қатор дастурҳои мукаммали китобшиносии умумӣ-«Каталоги китобҳои ҶШС Тоҷикистон, 1926-56» (1960), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1951-61» (1963), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1962-66» (1967) ва соҳавӣ: «Мирзо Турсунзода» (1953), «Мирсаид Миршакар» (1960), «Феҳристи асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ то охири соли 1961» (1963), «Каталоги дастнависҳои шарқии АФ ҶШС Тоҷикистон» (ҷ-ҳои 1-3, 1960-68) ва ғ. таҳияву чоп шудаанд.

Китобшиносии давраи истиқлоли тоҷикон

вироиш

Дар даврони соҳибистиқлолии ҶТ китобшиносии тоҷик рушду такомул ёфт. Библиографони тоҷик самтҳои гуногуни китобшиносиро таҳқиқ намуда, асарҳои зиёди илмию назариявӣ офаридаанд. Пайдоиши рисолаю дастурҳои таълимии «Библиографияи адабии тоҷик», «Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ», «Абуалӣ Сино ва библиография тоҷик» (Р. Шарофзода), «Масъалаҳои мубрами библиографияи ҷомеашиносӣ» (А. Раҳимов), «Библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасон» (Шариф Комилзода), «Библиографияи миниатюраҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва назариявӣ-услубӣ» (Сайдалӣ Муҳиддинов), «Таърихи библиографияи адабиёти кишоварзӣ», «Библиография дар аҳди Сомониён», «Пайдоиши ахбори библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» ( Қ.Бӯриев), "Инноватикаи китобдорӣ" (Сафар Шосаидзода) ва ғ. дар самти инкишофи китобшиносии миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи илмии АМИ ҶТ ба номи Индира Гандӣ, Китобхонаи илмии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва диг. муассисаҳо дар пешбурди китобшиносии тоҷик ҳиссаи калон мегузоранд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Баъзе масъалаҳои китобшиносии тоҷик// Маҷм. мақолаҳо. Д., 1973;
  • Вопросы развития таджикской национальной библиографии (материалы республиканской научно-теоретической конференции). Д., 1973

Сарчашма

вироиш