Камолуддин Ибни Насӯҳи Шерозӣ (форсӣ: کمال الدین بن نَصوح شیرازی‎; ? — 1391, Шероз) — шоир[1], адиб ва донишманди форс-тоҷик.

Ибни Насӯҳи Шерозӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1391
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар маъхазҳои адабӣ («Тазкирату-ш-шуаро», «Хулосату-л-ашъор ва зубдату-л-афкор») ӯро Камолуддин Маҳмуд ибни Насӯҳи Форсӣ номидаанд. Авҳадии Булёнӣ лақабашро Камолуддин мехонад. Дар Суфиобод дар назди Алоуддавлаи Симнонӣ (фавт 1336) маълумот гирифта, баъд ба Табрез рафтааст. Муҳаққиқон оғози шоирии Ибни Насӯҳи Шерозиро ба соли 1336 мутобиқ донистаанд. Пас аз фурӯпошии ҳукумати Элхониён дар дарбори Ҷалоириён хидмат мекард. Аз ӯ чанд қасида дар ситоиши султон Увайс ва султон Аҳмади Ҷалоир боқӣ мондааст. Дар шоирӣ шогирди Салмони Соваҷӣ ва дар тасаввуф шогирди Алоуддини Симнонӣ (фавт 1335) буд. Ибни Насӯҳи Шерозӣ Ғиёсуддини Куҷуҷиро (фавт 1387) низ ситудааст. Ӯ маснавие ба номи «Даҳнома» ё «Муҳаббатнома» дорад, ки ба гуфтаи Давлатшоҳи Самарқандӣ дар он рӯзгор машҳур будааст. «Даҳнома» (соли таълифаш 1336) маснавии ишқӣ буда, аз 10 бахш таркиб ёфтааст. Ҳар бахши он аз мактубе, ки дарди ишқро баён мекунад ва ғазалу рӯбоӣ иборат аст. Ибни Насӯҳи Шерозӣ дар поини умр аз дарбор канора гирифт ва кунҷи узлат ихтиёр кард. Ба қавли Тақиуддини Кошӣ, девони ашъори Ибни Насӯҳи Шерозӣ аз чаҳор ҳазор байт иборат буда, машҳур аст. Ибни Насӯҳи Шерозӣ дар эҷоди қасидаву ғазал забардаст будааст.

Намунае аз эҷодиёти Ибни Насӯҳи Шерозӣ:

Бо фоқаву фақр ҳамнишинам кардӣ,
Бе мунису бе ёр ғарибам кардӣ.
Ин мартабаи муқаррабони дари туст?
Оё ба чӣ хидмат инчунинам кардӣ?!
Пеши мо Каъба ба ҷуз хоки сари кӯйи ту нест,
Қиблаи аҳли назар ҷуз хами абруи ту нест.

Адабиёт

вироиш
  • Зарринкӯб Абдулҳусайн. Бо корвони ҳулла. Д., 2004.