Ибни Туфайл
Абубакр Муҳаммад ибни Абдулмалик маъруф ба Ибни Туфайл (ар. ابو بكر محمد ابن عبد الملك ابن طفيل, 1110[1][2][3][…], Гуодикс[d], Андалус[7] — 1185[4][5][6], Марокаш[d], Хилофати Муваҳҳидун[d]) — табиб ва файласуфи андалусӣ.
ар. أبو بكر محمد بن عبد الملك بن محمد بن طفيل القيسي الأندلسي | |
Таърихи таваллуд | 1110[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1185[4][5][6] |
Маҳалли даргузашт |
|
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шоир, фалсафа[8], пизишкӣ[8] ва literary activity[d][8] |
Шогирдон | Абӯисҳоқи Битруҷӣ ва Ибни Рушд |
Зиндагинома
вироишВай дар Ғароната зода шуд ва пас аз таҳсили тиб, дар ҳамон ҷо ба табобат пардохт. Сипас ба Марокаш рафт ва пизишку вазири силсилаи Муваҳҳидун шуд. Ӯ дар ҳикмат саромади мардумони рӯзгори хеш буд. Аз ҷумлаи осори Ибни Туфайл «Урҷузату-т-тибийя» (пизишкӣ) ва «Асрору-л-ҳикмату-л-Машриқия» аст. Муҳимтарин китоби вай рисолаи «Ҳай ибни Яқзон» ном дорад, ки муаррифи фалсафаи навафлотунӣ ва ба сурати афсона аст. Ин рисола ба забонҳои ибрӣ, лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, испониёӣ, нидерландӣ, олмонӣ, русӣ, форсӣ ва урду тарҷума ва борҳо чоп шудааст. Ибни Туфайл ба вуҷуди тафаккур ва андеша, бидуни воситаи забон эътиқод дорад ва дар рисолаии «Ҳай ибни Яқзон» ба он пардохтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ 3.0 3.1 CONOR.Sl
- ↑ 4.0 4.1 Крымский А. Ибн-Тофейль (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIа. — С. 742.
- ↑ 5.0 5.1 Туфейль (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1902. — Т. XXXIV. — С. 255.
- ↑ 6.0 6.1 G. W. T. Ibn ·π¨ufail (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 223.
- ↑ 7.0 7.1 арабская Википедия — 2003.
- ↑ 8.0 8.1 8.2 Чешская национальная авторитетная база данных