Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмади Қуртубӣ, маъруф ба Ибни Рушд[2] (ар. ابن رشد1126, Қуртуба — 10 декабри 1198, Марокаш) — файласуф, фақеҳ, пизишк, ахтаршинос ва риёзидони мусулмони андалусӣ; шореҳ ва муфассири осори Арасту. Дар Аврупо бо номи лотинии Аверро́эс машҳур аст.

Ибни Рушд
ар. ابن رُشد
Таърихи таваллуд 14 апрел 1126[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 декабр 1198[1] (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ фалсафаи исломӣ, ахтаршиносӣ, ақида, фиқҳ, пизишкӣ, забоншиносӣ, риёзиёт, илми калом ва ҷуғрофиё
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ибни Рушд дар соли 1126 дар шаҳри Қуртубаи Андалус ба дунё омадааст. Падари Ибни Рушд (қозии Қуртуба) ва бобояш (қозиюлқузот ва имоми масҷиди ҷомеи ш. Қуртуба, дорои таълифоти муҳим дар фиқҳи моликӣ) аз фақеҳону олимони маъруфи рӯзгори худ буданд. Ибни Рушд нахуст назди падар фиқҳ омӯхт ва китоби «Муватта»-ро ҳифз кард. Сипас назди донишмандону уламои замон, бахусус Ҳофиз ибни Муҳаммад ибни Ризқ, ба омӯзиши улуми ҳадис, тиб ва илоҳиёт пардохт; назди ӯ ва падари худ фиқҳи моликиро фаро гирифт. Тиб ва ҳикматро аз Абуҷаъфар Ҷарим ат-Таҷоил омӯхт.

Ибни Рушд илми калом, бахусус каломи ашъариро хуб медонист, вале баъд ба аҳкоми он муқобил баромад. Дар ҷавонӣ осори зиёди муътабари донишмандони гузашта ва муосири худро мутолиа карда, аз олимони барҷастаи замон сабақ гирифт. Ибни Рушд дар илмҳои риёзиёт, мантиқ, ҳикмати машшоъ, илоҳиёт, фиқҳ, ҷуғрофиё, физика, нуҷум, механикаи нуҷумӣ, тиб, равоншиносӣ ва сиёсат тавоно буд. Вай бо бисёр донишмандону орифони машҳур, аз ҷумла Ибни Арабӣ, Ибни Туфайл ва Ибни Зуҳр дӯстӣ дошт. Ибни Рушд дар аҳди Абуяъқуби Юсуф (халифаи сулолаи ал-Муваҳҳидун; ҳукмронӣ 1165 −84) дар Марокаш, Ишбилия (Севиля) ва Қуртуба соҳиби мансабҳои муҳимми давлатӣ буд. Ибни Рушд соли 1169 бо Абуяъқуби Юсуф ба василаи Ибни Туфайл шинос шуд. Халифа Ибни Рушдро аз масъалаи қадим ва ҳодис будани олам суол кард. Азбаски ин суол оқибатҳои номатлуб дошт, вай посух надод. Вақте халифа бо Ибни Туфайл ба шарҳи масъалаи мазкур аз нигоҳи Афлотун, Арасту ва файласуфони мусулмон пардохтанд, Ибни Рушд ҷуръат карда дониши васеи худро дар ин масъала нишон дод. Халифа ӯро яке аз надимони наздики худ қарор дод. Бо ташвиқи халифа Ибни Рушд ба шарҳи осори фалсафии Арасту оғоз кард. Ибни Рушд муддате табиби дарбори халифа Яъқуби Мансур (ҳукмронӣ 1184−99) буд ва бо ӯ дӯстӣ низ дошт. Ӯ соли 1153 дар расадхонаи Марокаш ‒ пойтахти давлати Муваҳҳидун ба мушоҳидаҳои нуҷумӣ пардохта, қонунҳои кайҳониро дар баробари қонунмандиҳои риёзӣ кашф карданӣ шуд, вале ин мушоҳидаҳои ибтидоии вай натиҷа надоданд. Дар ҳамин айём вай бо Ибни Туфайл, ки табиби дарбор буд, мулоқот кард. Соли 1195 барои озодфикрӣ ба ғазаби амир Абуюсуф дучор шуд; худашро ҳабс карданд ва китобҳояшро сӯзонданд. Дар аҳди халифа Мансур бо фишори олимони моликимазҳаби дарбор Ибни Рушд аз дарбор барканор ва ба зиндони Лусена афканда шуд.

Таълифот

вироиш

Ибни Рушд дар заминаи фалсафа, фиқҳ, илоҳиёт, тиб ва шарҳу тафсир осори зиёде навиштааст. Э. Ренан ба Ибни Рушд 67 китобро нисбат додааст, ки аз онҳо 28 китоб дар фалсафа, 20 китоб дар тиб, 8 китоб дар фикҳ (қонун ва ҳуқуқ), 5 китоб дар илоҳиёт ва 4 китоб дар наҳв аст. Дар баробари шарҳҳои бешуморе ба асарҳои Арасту бисёр асарҳои ӯро аз забони суриёнӣ ба арабӣ тарҷума кардааст. Шарҳе бар китоби «Ҷумҳурият»-и Афлотун низ навиштааст. Аксари асарҳои мазкур дар тарҷума ба забони яҳудӣ ва лотинӣ боқӣ мондаанд. Дар осори Ибни Рушд таъсири муфассирони искандаронии Арасту, аз қабили Аммоний ва Фемистий мушоҳида мешавад.

Муҳимтарин таълифи Ибни Рушд «Таҳофуту-т-таҳофут» мебошад, ки дар радди «Таҳофуту-л-фалосифа» навишта шудааст. Вай дар ин асар даъвоҳои Ғаззолиро оид ба таноқузоти фалсафа ва навафлотунияи Ибни Синоро рад кардааст. «Фаслу-л-мақол» аз осори дар илоҳиёт нигоштаи Ибни Рушд буда, дар он муаллиф созгории фалсафаро бо ислом собит кардааст. «ал-Кашфан маноҳиҷи-л-адилла» (соли таълифаш 1179) ба танқиди илоҳиёти ашъариён бахшида шуда, зимни он Ибни Рушд далелҳои худро барои исботи ҳастии Худо ва сифатҳои Ӯ матраҳ кардааст. «ал-Куллиёт фӣ-т-тиб» (соли таълифаш 1162) китоби бисёрҷилдаи Ибни Рушд дар соҳаи тиб аст, ки тарҷумаи лотинии он тӯли асрҳо китоби дарсии донишгоҳҳои тиббии Аврупо буд. Ибни Рушд дар асоси таҳлили осори Ҷолинус ва шарҳҳое бар китоби «Урҷуза фӣ-т-тибб»-и Ибни Сино маҷмӯаи тиббии юнониро навиштааст. Ибни Рушд мехост, ки осори асили Арастуро аз навафлотуния, ки Форобӣ ва Ибни Сино ба он ворид карда будаанд, поксозӣ кунад. Мас., вай кӯшиши Форобиро барои ба ҳам пайвастани назари Афлотун ва Арасту напазируфта, назари онҳоро дар бораи мусул комилан мутафовит арзёбӣ кардааст. Ибни Рушд назарияи судури Ибни Синоро низ рад кардааст, ба далели ин ки он дар осори аслии Арасту вуҷуд надорад. Ибни Рушд назарияи ӯро дар бораи вуҷуд чун иловаи араз ба ҷавҳар низ рад кардааст. Ба ақидаи Ибни Рушд, баръакс, чиз пеш аз ҳама вуҷуд дошта, моҳият (ҷавҳар)-и он баъдан ба воситаи таҷрид пайдо мешавад. Ибни Рушд мантиқи Арастуро дар шарҳи Форобӣ намепазируфт. Назарияи кайфият ё намунаи мантиқии Ибни Сино ва далели ӯро дар масъалаи исботи ҳастии Худо чун Воҷибулвуҷуд рад мекард. Тибқи ақидаи Ибни Рушд, дар масъалаи шинохти Худо ду роҳ вуҷуд дорад: яке шаҳодат аз инояти илоҳӣ ва дигаре офаридаҳои Ӯ. Далели аввал аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми табиат, Осмону Замин, Моҳу ситораҳо барои инсон офарида шудаанд. Тибқи далели дуввум, ҳамаи офаридаҳои олам тавре сохта шудаанд, ки аз вуҷуди як Сонеъ огоҳӣ медиҳанд ва ин Сонеъ Худо аст. Ибни Рушд қоил ба андешаи ваҳдату ягонагии Худост. Муҳимтарин сифати Ӯ дониш буда, дигар сифатҳо аз он бармеоянд. Ба андешаи Ибни Рушд, се намуди муҳокимаронӣ вуҷуд дорад: 1) хитобӣ (лафзӣ), ки дар заминаи талқин сурат гирифта, барои оммаи мардум дастрас аст; 2) муҳокимарониҳои ҷадалӣ, ки дар заминаи баҳс сурат гирифта, бештар аз тарафи уламои илоҳиёт истифода мешаванд; 3) муҳокимарониҳои собиткунандаи намоишӣ бо далелҳо, ки барои мардуми таҳсилдида ва файласуфон аст. Аз нигоҳи Ибни Рушд Қуръон бо усули хитобӣ мардумро ба дарки ҳақиқат раҳнамоӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки одамони одӣ тавассути талқин ба дарки ҳақиқат бирасанд. Фалсафа усули истидлоли намоиширо истифода мекунад. Ба ин восита мардуми донишандӯхта ба дарки амиқи ҳақиқатҳо ноил мешаванд. Ибни Рушд муайян кард, ки аксари даъвоҳои Ғаззолӣ ба истидлолҳои фалсафӣ (аз ҷумла арастуӣ) ҷавобгӯ набуда, балки аз назароти шахсии Ибни Сино рӯидаанд, аз ин рӯ, далелҳои Ғаззолӣ ботиланд.

Ибни Рушд дар баҳсҳояш бо ашъариён, бахусус бо Ғаззолӣ, мавқеи фалсафаи ақлгароиро дифоъ мекард. Ӯ мехост, ки ҷойгоҳи фалсафа ва илмро дар тамаддуни мусулмонон устувор намояд, аз ин рӯ, дар байни дину илм (фалсафа) як пули иртиботӣ бунёд кард. Аз нигоҳи Ибни Рушд, дар масъалаи қидам ё ҳудус (пайдошавӣ)-и олам байни файласуфони навафлотунӣ (Форобӣ ва Ибни Сино) ва ашъариён (Ғаззолӣ) тафовути бузурге вуҷуд надорад, ки бар асари он битавон яке аз онҳоро кофир номид. Аз сӯи дигар, қадим будани олам бо Қуръон муғойират надорад. Ибни Рушд дар посух ба масъалаи мазкур ба мисли Абурайҳони Берунӣ бо истидлол аз оятҳои Қуръон гуфтааст, ки дар замон фақат «шакл»-и олам офарида шуда, вуҷуди он қадимиву абадӣ аст. Ибни Рушд аҳли каломро ба он айбдор мекард, ки онҳо фаҳмиш ва тафсири худро аз матнҳои муқаддас барои ҳалли масъалаҳое истифода мебаранд, ки мебоист аз тарафи файласуфон баррасӣ шаванд.

Тибқи ақидаҳои Ибни Рушд, фалсафа аз нигоҳи ислом на танҳо ҷоиз, балки барои табақае аз хоссон ҳатмист ва бояд дар ҷомеаи исломӣ мавқеи устувор дошта бошад. Ба қавли Ибни Рушд (дар «Фаслу-л-мақол») фалсафа, ки дар асоси далелу усули ақлӣ сохта шудааст, ба ҳеч ваҷҳ бо дини ислом муқобил буда наметавонад, зеро дину фалсафа дар заминаи ду усули гуногуни расидан ба ҳақиқат сохта шудаанд ва як ҳақиқат наметавонад бо ҳақиқати дигар дар тазод бошад. Ибни Рушд таълим медод, ки агар хулосаҳои ақлу илм бо матнҳои муқаддас дар тазод қарор дошта бошанд, каломи Худоро дар матнҳои муқаддас ба таври рамзӣ бояд шарҳ дод (таъвил кард). Ба андешаи вай, чунин шарҳу тафсирҳо бояд аз тарафи ашхоси «дар дониш решадавонда» сурат гирад. Ибни Рушд дар мавриди омӯзиши табиат зимни муроҷиат ба оятҳои Қуръон фатво медод, ки омӯзиши фалсафа барои ҳамаи мусулмонон ҳатмист, махсусан барои онҳое, ки дорои истеъдоданд.

Ибни Рушд дар масъалаҳои иҷтимоӣ ба Афлотун, Форобӣ ва Ибни Сино пайравӣ кардааст. Барои вай ҷомеа ва давлати ормонӣ ҳамон аст, ки дар он файласуфон ва олимон мақоми аввал доранд. Ибни Рушд дар масъалаи усули идораи давлат ба замми усули талқинкунанда усули зӯриро низ зарурӣ мешуморад, бо он далел, ки алайҳи душманони давлат усули даъвату талқин ва истидлол ба кор намеояд. Вай сохтори сулолавии давлатро дар мисоли умавиён дар муқобили ҳукумати хулафои рошидин маҳкум мекард. Мақоми занро дар тамоми зинаҳои идораи давлативу ҷамъиятӣ лозим медонист. Дар баробари ин оид ба нуҷум, физика ва механика андешаҳои тозае дошт. Ӯ бисёр паҳлуҳои назарияҳои Батламиюс (низоми кайҳонӣ) ва дигарон (доғҳои рӯи Офтоб ва ғ.)-ро ҳам шарҳ дода, ҳам рад кардааст. Ибни Рушд зимни шарҳу тафсири назарияи нафси Арасту ҳосил кардани дониши амиқро аз тариқи ақли амалӣ ва назарӣ ҷоиз мешумурд. Ибни Рушд назарияи ақли куллиро инкишоф дода, ба хулосае омад, ки тамоми инсоният дорои ақли ягона аст; тафовут дар ақли мардум фақат дар сатҳи фикр ба вуҷуд меояд: мардум дар бораи чизи мушаххас фикр карда, роҳи ҳалли онро пайдо мекунанд. Назарияи ақли кулли Ибни Рушд заминаи назарияҳои куллие, ба монанди назарияи пантеизм шуда, баъдан заминае барои рушди озодандешӣ ва ҳуманизми Аврупо гашт.

Аксари асарҳои Ибни Рушд нахуст ба забони яҳудӣ ва аз оғози асри 13 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар донишгоҳҳои Подуа, Порис, Толедо ва ғ. ҳамчун китобҳои дарсӣ истифода мешуданд. Таъсири Ибни Рушд ба тафаккури Аврупо ба андозае бузург буд, ки дар пайравӣ аз осори ӯ чандин асар эҷод шуд. Симои ӯ дар «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте ва мусаввараҳои Рафаэл сабт шудааст. Осори фалсафии Ибни Рушд дар Ғарб боиси бедории бузурги фарҳангиву зеҳнӣ гашт. Пайравони мактаби фалсафаи Ибни Рушд дар Ғарб («аверроизм») фалсафаи ӯро бо дини масеҳӣ дар иртибот қарор дода, ҷойгоҳи ақлу илмро дар ҷомеаи динӣ устувор мекарданд ва дар ниҳоят бо назарияи «дугонагии ҳақиқат» (эътирофи пазириши ду ҳақиқат: дин ‒ бо роҳи худ ва илму фалсафа ‒ бо роҳи худ) ба майдон омаданд. Калисои католикӣ солҳои 1270 ва 1277 ҳаракати авверроизмро маҳкум кард. Бо вуҷуди аз тарафи калисо ва ҳатто Фомаи Аквинӣ зери танқид қарор гирифтани аверроизм, таъсири он дар Аврупо то асри шонздаҳ идома дошт.

Адабиёт

вироиш