Абубакр Муҳаммад ибни Мусо Воситӣ (форсӣ: ابوبکر محمد بن موسی واسطی‎) маъруф ба Ибни Фарғонӣ (? — 932 ё 942, Марв) — донишманд ва орифи хуросонӣ.

Ибни Фарғонӣ
араб. ар. أبو بكر محمد بن موسى الواسطي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: Q25529813?, Q25625169?
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Аслан аз Фарғона буда, дар Восит мезист. Баъди сафарҳои зиёд (ба қавле, ба зиёда аз 70 шаҳр) чанде дар Бовард иқомат ихтиёр кард, аммо чун мардум ба суханони ӯ сарфаҳм нарафтанд, аз он ҷо ба Марв рафта, ҳамон ҷо то охири умр зиндагӣ кард. Воситӣ бо орифони шинохта Ҷунайди Бағдодӣ ва Абулҳасани Нурӣ ҳамсуҳбат гашта буд. Ба қавли Абдуллоҳи Ансорӣ, Воситӣ як устод — Ҷунайди Бағдодӣ ва як шогирд — Абулаббоси Сайёрӣ дошт.

Андешаҳои фалсафӣ

вироиш

Дар бораи Воситӣ дар тазкираҳо нақлу ривоятҳои фаровон оварда, андешаҳои ӯ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ва ирфонӣ баён ёфтаанд. Чунончи, дар «Тазкирату-л-авлиё» нақле оварда шудааст, ки баёнгари таҳаммулпазирии динии ӯ мебошад. Рӯзе Воситӣ ҳангоми гузар кардан аз назди қабристони ҷуҳудон гуфт: «Ин қавмеанд ҳама маъзур ва эшонро узр ҳаст». Мардумон ин суханро шунида, ӯро ба сарои қозӣ кашиданд. Қозӣ бар ӯ бонг зад, ки ин чӣ сухан аст, ки ту гуфтаӣ, ки ҷуҳудон маъзуранд? Воситӣ гуфт: «Аз он ҷо, ки қазои ту аст, маъзур наянд, аммо аз он ҷо, ки қазои Ӯ (Худо)-ст, маъзуранд». Воситӣ машғулшавӣ ба тоату ибодати пайвастаро накуҳиш карда (габрии маҳз хонда), муридону шогирдонро ба илму ирфон ташвиқ мекард.

Аз суханони Воситӣ бармеояд, ки ӯ муътақид ба тавҳиди ирфонӣ ва ваҳдати вуҷуд (ҳама Ӯст) буд ва дар айни замон маърифати Худоро ғайриимкон медонист: «Шинохти тавҳид вуҷуди ҳеч кас менапазирад ва касро заҳраи он нест, ки қадам ба саҳрои вуҷуд ниҳад. Ҳар кӣ бо вуҷуди Ӯ хутбаи вуҷуди худ мехонад, бар куфри худ сиҷил (ҳукм) мекунад ва ҳар кӣ бо вуҷуди худ хутбаи вуҷуди Ӯ мехонад, бар ширки худ гувоҳӣ медиҳад ва ҳар кӣ бо ҳастии Ӯ ҳастии худ талабад, кофир аст ва ҳар кӣ худ ҳастии Ӯ талабад, ношинохта аст. Ҳар кӣ худро дид, Ӯро надида ва ҳар кӣ Ӯро дид, худро надид ва аз худаш ёд наёяд, ҷон аз шодӣ бурида ва дар пардаи иззат бимонд» (Аттор. «Тазкирату-л-авлиё»). Гуфтаҳои зерини Воситӣ, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-унс» ба нақл аз Абдуллоҳи Ансорӣ овардааст, далели дигари муътақид ба тавҳиди ирфонӣ будани ӯ аст: «Ману Ӯ ва Ӯву ман, карди ману подоши Ӯ, дуои ману иҷобати Ӯ — ҳама санавият асту дугонагӣ. Он кӣ гӯяд, наздикам, дур аст ва он кӣ дур аст, дар ҳастии Ӯ нест аст. Тасаввуф ин аст». Дар байни андешаҳои Воситӣ ақидаи ваҳдати шуҳуд («ҳама аз Ӯст») низ ба назар мерасад: «Ҳар кӣ хешро аз Худой бинад ва ҷумла ашёро аз Худой бинад, бениёз шавад аз ҷумлаи ашё ба Худо».

Воситӣ роҷеъ ба дигар масоили ирфону фалсафа, аз қабили ҷамъ ва тафриқа, хавф ва раҷо, убудият ва рубубият, қидам ва ҳодис, азал ва абад, зикр, маҳаббат, тавба, каромот, иттисол, таносуби анбиё ва авлиё ибрози андеша кардааст. Ба қавли ӯ «хавф ва раҷо ду маҳоранд, ки аз беадабӣ бозмедоранд»; «шод будан ба каромот аз ғурур ва ҷаҳл аст ва лаззат ёфтан ба иттисол навъе аст аз ғафлат», «ниҳояти дараҷаи авлиё бидояти дараҷаи анбиё аст».

Адабиёт

вироиш
  • Ҷомӣ Мавлоно Нуруддини Абдурраҳмон. Нафаҳоту-л-унс мин ҳазароти-л-қудс. Д., 2013;
  • عطار فرید الدین. تذکرة الاولیا. تهران، 1346 ش.؛
  • قشيري ابو القاسم. رسالۀ قشیریه. تهران،1361 ش. ؛
  • سيد يحيى يثربى.عرفان نظرى. قم، 1380 ش.ر

Сарчашма

вироиш