Абубакр Муҳаммад ибни Исҳоқи Нишопурӣ, маъруф ба Ибни Хузайма (ар. ابن خزيمة‎; 1 январ 838, Нишопур11 феврал 924) — муҳаддис, фақеҳ, муфассири Қуръон ва донишманди машҳури мусулмони шофеъимазҳаби нишопурӣ.

Ибни Хузайма
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, муҳаддис, фақеҳ
Таърихи таваллуд: 1 январ 838
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 феврал 924 (86 сол)
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: илми ҳадис
Устодон: Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Abu Alfadl Alrriashi[d], Al-Muzani[d], Muhammad ibn Aslam al-Tusi[d] ва Q22689691?
Шогирдон: Қаффоли Шошӣ
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Овони навҷавонӣ дар Нишопур муқаддамоти илмҳоро фаро гирифт. Сипас барои такмили илм ба Марв, Марврӯд, Рай, Бағдод, Куфа, Басра, Аббодон, ҷаз. Ибни Умар, Шом, Қоҳира, Искандария, Ҳиҷоз ва Гургон сафар карда, аз донишмандону олимони он ҷойҳо фиқҳ, ҳадис, усул, қироат ва тафсир омӯхт, ба нақли ҳадис пардох. Иддае аз шайхҳои ривоятҳои соҳибони «Сиҳоҳи ситта» аз машоихи ривоёти ӯ низ буда, Бухорӣ ва Муслим аз ӯ ривоят кардаанд. Ибни Хузайма фақеҳи муҷтаҳид буд, дар масъалаҳои тавҳид сифатҳои Худоро бидуни таъвил бар асоси зоҳири оёту ривоятҳо маънидод мекард ва дар айни ҳол аз ташбеҳ дурӣ меҷуст. Ӯ дар мавриди мухолифон сахтгир буд, афродеро, ки ояти «истиво бар Арш» (Қуръон, 7:54)-ро ҳамл бар зоҳири он накунанд ё қоил ба халқи Қуръон бошанд, ҳукм ба иртидод (аз ислом баргаштан) ва қатл кардааст. Ибни Хузайма ҳадиси «Ҳароина Худованд одамро бар сурати хеш офарид»-ро ба гунае маънидод карда, ки орӣ аз ташбеҳи Худо ба инсон бошад. Ибни Хузайма бо мактабҳои мухталифи каломӣ, бахусус ҷаҳмия ва куллобия мухолиф буд ва шогирдони худро аз омӯхтани илми калом наҳй мекард.

Таълифот

вироиш

Ибни Хузайма дар заминаи Китобу суннат, фиқҳ ва маорифи динӣ 140 асар навиштааст. Аз муҳимтарин таълифи Ибни Хузайма «Мухтасару-л-мухтасар мина-л-муснади-с-саҳеҳ ани-н-Набӣ (с)» буда, бо номи «Саҳеҳи Ибни Хузайма» машҳур аст. Ибни Касир онро аз лиҳози санад ва матн ҳатто аз «Мустадрак»-и Ҳоким бартар гуфтааст. Суютӣ низ онро аз «Саҳеҳ»-и Ибни Ҳиббон бартар донистааст.

Адабиёт

вироиш