Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ
Асокируддин Абулҳусайн Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ, маъруф ба Имом Муслим (ар. إمام مسلم; 821[1][2], Нишопур, Хуросон, Хилофати Аббосиён — 6 май 875[1], Нишопур, Хуросон, Хилофати Аббосиён) — муҳаддис, фақеҳ ва донишманди ислом, муаллифи «Саҳеҳи Муслим».
Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ | |
---|---|
араб. ар. مسلم بن الحجاج | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, фақеҳ |
Таърихи таваллуд: | 821[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 6 май 875[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | илми ҳадис ва фиқҳ |
Устодон: | Муҳаммад Бухорӣ[3], Яҳё ибни Маъин[3], Аҳмад ибни Ҳанбал[3], Исҳоқ ибни Роҳавайҳ[3] ва Al-Darimi[d] |
Шогирдон: | Ибни Хузайма[3] |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишКуняи ӯ Абулҳусайн, номаш Муслим ва номи падараш Ҳаҷҷоҷ буд. Силсилаи насаби ӯ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Вард ибни Кӯшоз мебошад. Ӯро қушайрӣ низ мегӯянд[4].
Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ соли 206 ҳиҷрӣ ё 821 милодӣ дар Нишопур ба дунё омадааст. Имом Муслим дар оилаи ботақвою босавод ба воя расидааст. Падараш Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрӣ аз дӯстдорони илму дониш ва ҳалқаҳои таълимии олимон буда, фарзандашро дар ҳамин фазои имонӣ тарбия намудааст. Имом Муслим талаби илмро хеле барвақт сар карда, вақте ки ба шунидани ҳадис шурӯъ намуд, синнаш ба дувоздаҳи пурра нарасида буд. Заҳабӣ нақл мекунад: «Нахустин бор ҳадисро дар ҳаждаҳсолагӣ аз Яҳё ибни Яҳёи Тамимӣ шунида, фаризаи ҳаҷро дар бистсолагӣ ҳангоме ки безан буд, адо кардааст».
Устодон
вироишБа Имом Муслим бисёр олимон ҳаққи устодӣ дошта, шумораашон ба дусаду бист нафар мерасад. Дар Макка аз Абдуллоҳ ибни Масламаи Қаънабӣ ҳадис шунидааст, ки ин олим бузургтарин устоди Муслим мебошад. Инчунин дар Кӯфаю Ироқ ва Ҳарамайну Миср касби дониш кардааст. Аз ҷумлаи ин олимони намоён Яҳё ибни Яҳёи Нишопурӣ, Қутайба ибни Саид, Саид ибни Мансур, Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқ ибни Роҳувайҳ, Абӯхайсама Зуҳайр ибни Ҳарб, Абӯкурайб Муҳаммад ибни Ало, Абӯмӯсо Муҳаммад ибни Мусанно, Ҳаннод ибни Сарӣ, Муҳаммад ибни Яҳё ибни Абӯумар, Муҳаммад ибни Яҳёи Зуҳалӣ, Бухорӣ, Абдуллоҳи Доримӣ, Исҳоқи Кусаҷ ва дигарон мебошад.
Шогирдон
вироишАз ҷумлаи шогирдони Имом Муслим инҳоянд: Алӣ ибни Ҳасан ибни Абӯисои Ҳилолӣ, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Фарро, Ҳусайн ибни Муҳаммади Қаббоӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Назр ибни Саламаи Ҷорудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҷунайди Розӣ, Солеҳ ибни Муҳаммад Ҷазара, Абӯисои Тирмизӣ, Аҳмад ибни Мубораки Мустамлӣ, қозӣ Абдуллоҳ ибни Яҳёи Сарахсӣ, Наср ибни Аҳмад ибни Насри ҳофиз ва дигарон.
Таълифот
вироишИмом Муслим соҳиби асарҳои сершумор буда, баъзеҳои он то мо омада расидаасту баъзеи дигараш гум шудааст. Аз ҷумлаи ин таълифот:
- ал-Муснаду-с-саҳеҳ.
- ал-Муснаду-л-кабир ала-р-риҷол.
- Китобу-л-ҷомеъ ала-л-абвоб.
- Китобу-л-асомӣ вал-куно.
- Китобу-т-тамйиз.
- Китобулу-л-илал.
- Китобу-л-вуҳдон.
- Китобу-л-афрод.
- Китобу-л-ақрон.
- Китобу суолотиҳи Аҳмад ибна Ҳанбал.
- Китобу ҳадиси Амр ибни Шуъайб.
- Китобу-л-интифоъ биуҳуби-с-сибоъ.
- Китобу машоихи Молик.
- Китобу машоихи Шуъба.
- Китобу машоихми-с-Саврӣ.
- Китобу ман лайса лаҳу илло ровин воҳидун.
- Китобу-л-мухазрамин.
- Китобу авлоди-с-саҳоба.
- Авҳому-л-муҳаддисин.
- Китобу-т-табақот.
- Китобу афроди-ш-шомийин.
Равиш дар ҳадис
вироишМолик китоби «Муваттаъ»-ро навишта, усули аҳкоми саҳеҳро гузошт ва онро мувофиқи бобҳои фиқҳ мураттаб намуд. Сипас ба шинохти роҳҳои аҳодис ва санадҳои гуногун аҳамият дод. Гоҳе мешуд, ки исноди ҳадис аз чанд роҳ аз ровиёни гуногун ворид мегашт. Инчунин гоҳе ҳадис дар чанд боб аз рӯи маънояш оварда мешуд.
Сипас, имоми муҳаддисон Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ омада, аҳодиси суннатро бар асоси бобҳояш аз рӯи тамоми роҳҳояш ҳам ҳиҷозиён ва ҳам ироқиёну шомиён дар китоби «Саҳеҳ» ворид намуд. Дар ин кор назар ба аҳодиси ихтилофдошта ба аҳодиси иттифоқшуда эътимод карда, ҳар ҳадисро мувофиқи мазмунаш дар боби алоҳида ҷойгир сохтааст. Бинобар ин, ҳадисҳои китоб бисёр такрор шуда, ба нӯҳ ҳазору дусад расидааст, ки аз он се ҳазораш такрор гаштааст.
Баъд Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Қушайрӣ омада, «Саҳеҳ»-и худро таълиф намуд. Дар ин кор пайроҳаи Бухориро тай карда, аҳодиси иттифоқшударо нақл намуду ҳадисҳои такроршударо ҳазф. Роҳу санадҳоро ҷамъ намуда, онҳоро бар бобҳои фиқҳу тароҷим ҷудо кард. Ҳусайн ибни Муҳаммади Мосарҷасӣ гуфтааст: «Падарамро шунидам, ки мегуфт: «Муслимро шунида будам, ки мегуфт: «Ин «Саҳеҳ»-ро аз сесад ҳазор ҳадиси шунида тасниф кардаам».
Таълифи ин асари бебаҳо понздаҳ сол давом намуд. Аҳмад ибни Салама гуфт: «Бо Муслим тайи понздаҳ сол дар таълифи «Саҳеҳ» будам». Ибни Ҳаҷар дар муқаддимаи «Фатҳ ул-борӣ» гуфтааст, ки Имом Муслим ин китобашро дар зодгоҳаш ҳангоми дар ҳаёт будани бисёр устодонаш навиштааст.
Мадҳу санои олимон
Абӯқурайши Ҳофиз гуфт: «Муҳаммад ибни Башшорро шунидам, ки мегуфт: «Ҳофизони дунё чор нафаранд: Абӯзуръа дар Рай, Муслим дар Нишопур, Абдуллоҳи Доримӣ дар Самарқанд ва Муҳаммад ибни Исмоил дар Бухоро». Абӯабдуллоҳи Ҳоким нақл кардааст, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Фарро гуфта буд: «Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз уламои мардум ва боргоҳи дониш буд». Ҳофиз Абӯалии Нишопурӣ баён кардааст: «Зери осмон аз китоби Муслим дар илми ҳадис чизе саҳеҳтар нест».
Сиддиқ ибни Ҳасани Қаннуҷӣ гуфтааст: «Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Қушайрии Бағдодӣ яке аз имомони ҳофиз, олимтарини муҳаддисон, имоми Хуросон дар ҳадис баъди Бухорӣ мебошад». Аҳмад ибни Салама гуфта буд: «Абӯзуръа ва Абӯҳотамро дида будам, ки Муслимро дар маърифати саҳеҳ аз устодони замонашон пеш мегузоштанд».
Даргузашт
вироишИмом Муслим панҷоҳу панҷ сол умр дидааст. Дар шаҳри Нишопур соли 875 (261 ҳиҷрӣ) вафот карда, дар ҳамон ҷо дафн шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь (рус.) — М.: Ансар, 2007.
- ↑ 2.0 2.1 AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1913.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 арабская Википедия — 2003.
- ↑ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ва китоби “Саҳеҳ”-и ӯ. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 феврали 2016). 22 сентябри 2023 санҷида шуд.