Ҷамолуддин ибни Муҳаммад ибни Ҳусоми Ҳиравӣ (форсӣ: محمد حسام هروی‎; ? — 1336, Ҳирот) — шоир, нависанда, хаттот ва донишманди форс-тоҷик, шогирди Маъруфи Бағдодӣ.

Ибни Ҳусоми Ҳиравӣ
Таърихи даргузашт: 1446[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Забони осор: форсӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар Хоф (Хуросон) зода шуда, дар Ҳирот камол ёфт. Замони ҳукмронии Муҳаммадшоҳи Туғлуқ (1325–1350; ҳокими Деҳлӣ) ба Деҳлӣ сафар карда, ба дарбор роҳ ёфт ва қасидае бо ин матлаъ дар мадҳи Туғлуқ суруд:

Илоҳо, то ҷаҳон бошад, нигаҳ дор ин ҷаҳонбонро,
Муҳаммадшоҳи Туғлуқшоҳ, султон ибни султонро!

Ибни Ҳусоми Ҳиравӣ соли 1328 аз Ҳинд ба Ҳирот, ба дарбори малик Шамсуддини Карт (ҳукмронӣ 1329–1371) бозгашта, моддаи таърихи нишасти ӯро ба тахти султонӣ дар қасидае ба забони арабӣ овардааст. Бинобар навиштаи Саъид Нафисӣ, Ибни Ҳусоми Ҳиравӣ чанде дар Кирмон ҳам зистааст. Бо забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър месуруд, аммо ба ҷуз чанд шеъри пароканда осори дигаре аз вай боқӣ намондааст. Як ғазали ӯ, ки дар тазкираҳо сабт аст, намунаи куҳантарини мустазод шуморида мешавад. Аз рӯи маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ, Хоҷа Абдулқодири Удӣ бар он мустазод шарҳ навиштааст. Ибни Ҳусоми Ҳиравӣ дар гуфтани ғазал маҳорат дошта, ашъораш ҳатто боиси таваҷҷуҳи султонҳои вақт гардидааст. Муҳаммад Бадри Ҷоҷармӣ дар китоби «Мунису-л-аҳрор фӣ дақоиқу-л-ашъор» мустазодди машҳури ӯро ба номи Ҷамолуддини Ҳамадонӣ овардааст. Дар шеър пайрави Мавлоно Ҳасани Кошӣ буд.

Адабиёт

вироиш
  • فضاپلی، حبیب‌الله. اطلس خط. انتشارات مشعل اصفهان. چاپ دوم، اصفهان۱۳۶۲ش