Ибодулло Машраб (Машрабов Ибодулло Раҳмонович; зод. 1 апрел 1954, ноҳияи Рӯдакӣ) — ҳунарпешаи театр, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001), доран­даи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2004).

Ибодулло Машраб
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1954(1954-04-01) (70 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, овозхон
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба сифати актёр фаъолият кардааст. Солҳои 1989—1997 актёр-коргардони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе, 1997—1998 саркоргардони телевизони Тоҷикистон, 1998—2000 актёри Театри дав­латии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2006—2015 директори Театри Лоҳутӣ ва солҳои 2015—2019 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Театр

вироиш

Симоҳои эҷодкардааш дар театр аз намоишномаҳои «Хусрав ва Ширин», «Сурӯши Сталинград», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Сӯруши зин­дагӣ», «Дон Жуан», «Хонасӯзон», «Исмоили Сомонӣ», «Паёми Зардушт», «Искандари Зулқарнайн ва Спитамон», кинофилмҳои «Ашк ва шамшер», «Хоби бедорӣ», «Сароби ишқ», намоишномаҳои телевизионии «Панд­номаи Саъдӣ», «Ворисон», «Ҷиноят ва ҷазо», қариб чил суруду оҳанг далолат аз истеъдоди баланди ҳунарии ӯанд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Д., 2016. — 863 с.
  • Қосим Н. Бо сӯзҳо то созҳо. Д., 2013.