Ибриқ

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Ибриқ (ар. ابریق‎ — муарраби обре ё обрез) — обрез, обдастон, офтоба, кӯза ё зарф барои нигоҳдории обу шароб, шустушӯ ва вузӯ.

Ибриқ шаклҳои мухталиф дошт: баъзе дорои нӯла ва баъзе дорои даста ва қисме дорои ҳар ду бо даҳонаи кашида ва дастаи баланд. Тафовути шаклҳо ба истифодаи мухталифи он далолат мекунад. Чунончи, барои шустушӯ аз ибриқи дастадор ва нӯлакдор ва барои нӯшидан аз ибриқи дастадори бенӯл истифода мешавад. Ибриқ аз филиз, сафол, чарм, шиша ва пластика сохта шуда, гоҳе нақшҳо низ дорад. Ибриқ дар Қуръон (56:18) ба шакли ҷамъ (абориқ), ба маънои ҷоми шароби биҳиштӣ зимни васфи яке аз маҷлисҳои шодии муқаррабон омадааст. Ибриқ дар адабиёт ба маъноҳои вазне баробари ду ман («Мафотеҳу-л-улум»-и Хоразмӣ), шамшери тобон (дурахшон) ва зани соҳибҷамол низ корбурд шудааст.

Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,
Бар ман дари айшро бибастӣ, Раббӣ.

Хайём

Пас фурӯшад аблаҳ имонро, шитоб
Андар он тангӣ ба як ибриқи об.

Маснавии маънавӣ

... дузде бетавфиқ ибриқи рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравад, ба ғорат рафт.

Гулистон

Адабиёт

вироиш
  • Шакурзода О. Шарҳи «Гулистон». Д., 2014;
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ١. تهران، ١٣٧٧ ش.؛
  • .دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١. تهران، ١٣٨٩ ش

Сарчашма

вироиш