Гулисто́н (форсӣ: گلستان‎) — асари маъруфи Шайх Саъдӣ, ки соли 1258 тадвин шудааст ва маҷмӯае аз ҳикоёту мавъизаҳост ба насру назм. «Гулистон» шомили «Дебоча» ва 8 боб аст.

Гулистон
форсӣ: گلستان

Муаллиф: Саъдии Шерозӣ
Жанр: панд, ҳикмат
Забони асл: форсӣ, тоҷикӣ
Нашр: 1258[1][2]

Замони нигориши «Гулистон»

вироиш

Худи Саъдӣ ҳангоми нигориши «Гулистон»-ро соли 656 ҳиҷрӣ (1258 милодӣ) мешуморад[3].

Дар он даврон ки моро вақт, хуш буд
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.

Сохтори китоб

вироиш
 
Саҳифаи «Дебоча»
  • «Дебоча»
  • «Дар сирати подшоҳон»,
  • «Дар ахлоқи дарвешон»,
  • «Дар фазилати қаноат»
  • «Дар фавоиди хомӯшӣ»
  • «Дар ишқу ҷавонӣ»
  • «Дар заъфу пирӣ»
  • «Дар таъсири тарбият»
  • «Дар одоби суҳбат»

Муҳтаво

вироиш

Саъдӣ ин асарро ба номи валиаҳд Саъд ибни Абубакр ибни Саъд ибни Зангӣ (аз Атобакони Форс) фароҳам овард. Ҳар боб ҳикоётеро дар бар мегирад ва дар ҷо-ҷои он аҳодису оёту амсол гунҷонида шудааст. Илова бар ин дар он суханони ҳикматангезу латиф низ (хусусан дар боби ҳаштум) бисёр дида мешавад. Аммо на ҳамеша тамоми ҳикоёти ҳар боб бо мавзӯи он боб комилан мутаносиб аст ва на нукоти ахлоқии китоб комилан аз таноқузу тазод холист. Ҳамчунин, дар бобҳои «Гулистон» бисёр масъалаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявӣ зикр шудаанд, ки аз унвони бобҳо ба назар намерасанд, ба монанди адолат, инсоф, меъёри диёнат, амонатдорӣ, ростӣ, шуҷоат, тадбир, хоксорию ҳақшиносию қадрдонӣ ва ғайра.

«Гулистон» ба таври куллӣ ҳосили мутолиоти сиючандсолаи Саъдист дар аҳволи мардуми рӯзгори худ, ки онҳоро тайи ин солҳо ҳангоми сафарҳояш ба хотир супурда, дар замони фароғати баъд аз сафарҳо ба риштаи таҳрир даровардааст. Ин асар агарчи ҳаҷман хурд аст, аз ҷиҳати танаввуи мавзӯъ бисёр васеъ мебошад. Саъдӣ дар саросари ин китоб монанди як омӯзгори корозмуда одамонро ба шинохти неку бад роҳнамоӣ мекунад ва ин корро бо овардани достону амсолу афсонаҳои таърихӣ бо далелу бурҳон ба анҷом мебарад.

Мавзӯи асосии асар

вироиш

Мавзӯи асосии «Гулистон» баёни ахлоқи тоифаҳои гуногун – подшоҳон, дарвешон, ҷавонон, пирон ва ғайра ва тарбияти ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар онҳо мебошад. Саъдӣ аз одамон, сарфи назар аз он, ки аз кадом табақаи ҷомеаанд, тақозо дорад, ки одил, раиятпарвар, хирадманд, доно, маърифатдӯст, маслиҳатгир, ботадбир, одамшинос, солор, порсо, қаноатманд, ҳоҷатбарор, некуравиш, сабур, соҳибиродат, фидоӣ, фурӯтан, ботавозуъ, содиқ, ҷавонмард, сахӣ, заҳматкаш, ҳалолхӯру ҳалолкор, боадаб, ботамкин, меҳрубон, мавридшинос ва ростқавлу ростгӯй бошанд. Саъдӣ дар «Гулистон» аз подшоҳон, дарвешон, ҷавонон, пирон ва тоифаҳои дигари ҷомеа (вазирон, маликзодагон, амалдорон, муаллимон, шогирдон, равандагон, зоҳидон, обидон, муридон, фақеҳон, хатибон, соҳибдилон, саворон, диловарон, сарҳангзодагон, ғуломон, ҳакимон, аъробӣ, ҳиндӣ, тавонгарону бозаргонону нодорон ва ғайра) сухан меронад ва аз саргузашти онон, рафтору гуфторашон ҳикояҳову масалҳо меорад. Ба илова, он чи нависанда аз онон гуфта, дур аз ҳақиқат нест, ва маълум месозад, ки чӣ гуна ин марди соҳиброй дар аҳволи ҳар гурӯҳ тааммулу диққат кардааст ва гӯшаҳое аз зиндагонии ононро дархури таваҷҷуҳ дида буд ва дар пирояи ҳикоёти кӯтоҳ ба қалам овардааст. Аён мешавад, ки Саъдӣ ба дарвешон таваҷҷуҳи бештар дорад. Дар тасаввури ӯ маҳз дарвешон дорои он ҳама сифатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонианд. Аз ин рӯ, дарвешон яке аз қаҳрамонони асосии «Гулистон» буда, на танҳо дар боби дуввум («Дар ахлоқи дарвешон»), балки дар ҳама бобҳои дигар низ фаъолият мекунанд ва бозтобкунандаи андешаву ормонҳои иҷтимоии Саъдианд.

Табақабандии иҷтимоӣ дар «Гулистон»

вироиш

Аммо дар табақабандии иҷтимоие, ки Саъдӣ дар «Гулистон» тарроҳӣ кардааст, ҷойгоҳи нахуст аз подшоҳон аст, дарвешон дар мақоми дуввум, дигар боқии тоифаҳои ҷомеа (раъият) пас аз инҳостанд.

Подшоҳон

вироиш

Ноустувории табъи подшоҳон зеҳни нуктаёби Саъдиро мутаваҷҷеҳи эшон месозад, ки «вақте ба саломе биранҷанду вақте ба дашноме хилъат диҳанд». Аз ин рӯ, вай дар кори девони подшоҳ ду тараф мебинад: «уммеду бим». Ва гоҳ онро чун сафари дарё мешуморад: «хатарноку судманд». Подшоҳон, дар пиндори Саъдӣ, бояд беҳтарин сифоти ахлоқи ҳамидаро доро ва дар баробари раияти хеш одилу соҳиби раъю тадбири расо бошанд. Ба таъкиди ӯ, сипоҳи аслии шоҳи адолатпеша раият аст; агар хоҳони бақову пойдориву оромиши кишвараш бошад, бояд бо раият сулҳ кунад. Дар таъйиди ин гуфтори хеш саргузашти яке аз мулуки аҷамро овардааст, ки даст ба моли раият дароз кард ва ҷавреро оғоз кард, ки халқ аз ин ҳилаву найрангаш роҳи ғурбат пеш гирифта, ба гӯшаву канори ҷаҳон паноҳ оварданд. Чун раият коҳиш ёфт, пешрафти кишвар нуқсон пазируфту «хизона тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд». Боре дар маҷлиси ӯ китоби «Шоҳнома» мехонданд ва сухан аз муқаррар шудани мамлакат бар Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашмат надошт, мерафт, аз вазираш сабаби онро мепурсад. Вазир дар ҷавоб мегӯяд, ки: «Ай малик, чу гирд омадани халқе муҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?» Малик, пас аз ин, аз вазираш мепурсад, ки: «Муҷиби гирд омадани сипоҳу раият чӣ бошад?» Гуфт: «Подшаҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянду раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду нест!» Ҳикоятро Саъдӣ бо он пай мегирад, ки ба табъи малик панди вазири насиҳатгар мухолиф омад, «рӯй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндон фиристод». Аммо дере нагузашту писарони амаки малик ба низоъ бархостанд ва ба муқобилаш лашкар оростанд ва қавме, ки аз дасти ӯ ба ҷон омада буданду ба ғурбат рафта буданд, ба онҳо пайвастанду мулкро аз дасташ гирифтанд:

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,
Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.
Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият, лашкар аст!

Дарвешон

вироиш
 
Рақси дарвешон дар тасвири дусаҳфаӣ аз Гулистони дастнавис. Эрон, тақ. соли 1615

Дарвешон низ, аз назари нигорандаи «Гулистон» мебояд мисли подшоҳону дигар ақшори ҷомеа дорои ахлоқи ҳамида бошанд. Аммо афзалияти дарвешон аз дигарон, аз ҷумла подшоҳону раият дар ин аст, ки ҳатто дили душманонашонро танг намекунанд, дӯстияшон бо ҳама ба таври ҳамешагист ва дар ҳама мавридҳо яксон; дар сахтиҳову маҳрумиятҳо тобоваранд ва ҳар коре, аз ҷумла, тоату ибодатро баръакси зоҳидону обидону шайхону фақеҳону дигарон, бидуни намоишкорӣ, бо сафои сидқ анҷом медиҳанду назарашон раҳмату марҳамат аст. Чунончи, аз ҳодисаи вуруди дузде ба хонаи порсое (дар боби дуввум: «Дар ахлоқи дарвешон») аз дарвешон ин гуна чеҳра менамоёнад, ки дузд дар хона чандон ҷусту чизе наёфт ва дилтанг шуд. Порсо хабар шуд. Гилеме, ки бар он хуфта буд, дар роҳи дузд андохт, то маҳрум нашавад:

Шунидам, ки мардони роҳи Худой
Дили душманонро накарданд танг.
Туро кай муяссар шавад ин мақом,
Ки бо дӯстонат хилоф асту ҷанг?!

На танҳо ду боби «Гулистон» ба «Сирати подшоҳон» ва «Ахлоқи дарвешон», балки дар гирдогирди ҳикоёту ривоёте, ки пароканда аст, тасвире аз зиндагонии мардуми гуногунро ба равшанӣ метавон дид. Шояд яке аз ҷиҳатҳои маҳбубияти томи «Гулистон» ҳамин ҷомеият ва шумули он бошад, ки ба умуми ашхос – аз порсоён гирифта то подшоҳони ҷаҳонгиру пиёдагони сарупобараҳна – пардохтаву аз онон сухан рондааст. Аз ин рӯ, дар «Гулистон» бо вазире рӯбарӯ мешавем некмаҳзар, ки дар фикри раҳонидани ҷони асире аз хашми подшоҳ асту дар баробар вазири дигареро мебинем гирифтори бадтинатӣ. Пеши рӯи ин ду вазир асири дастазҷоншустаест наздик ба кушта шудан. Гоҳ аз Маҳмуди Ғазнавӣ сухан меравад, ки «ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст». Дар дастгоҳи султонӣ маликзодагонро мебинем, ки бар зидди бародари худ тавтиа мекунанду дар ҳикояте дигар Ҳурмуз вазирони падарро аз биму эҳтиёт дар банд мекунад. Як ҷо тоифаи дуздон роҳро бар корвониён бастаанд ва вақте ғуломе аҷамӣ дар киштӣ менишинад ва чун дарё надида, ларза бар андомаш меафтад ва ҳакиме табоеъшинос, ки дар киштист, ӯро оромиш мебахшад. Дар ҳикояте вазъи лашкариёни маошногирифта ва эҳсосоташон нисбат ба фармондеҳи худ матраҳ аст ва дар ҳикояти дигар вазире муғул ба ҳалқаи дарвешон дармеояд. Ҳуши саршору зеҳни равшану борикбини Саъдӣ дар паси ҳар чиз, ҳатто чизҳои ба назар одӣ, нуктаҳое зарифу бадеъ дарёфтааст. Саргузашти марде дарвеш, ки фарзанд надошту аз Худо орзуи писар мекард ва писарбачае, ки нишонҳои булуғро ҷӯё буд ё дарвеши солиҳ, ки лашкарии мардумозоре бар сараш санг заду ӯ фурсат нигоҳ дошт, то чун малик бар он лашкарӣ хашм гирифту дар чоҳаш афканд, ҳамон сангро бар сари ӯ кӯфт, ҷилваҳои дигар аст аз афкору таманниёте, ки мумкин аст, гурӯҳе аз мардумро дерзамон ба худ машғул бидорад. Ё қиссаи ҳамқафас шудани зоғу тӯтӣ ва дилозурдагии онҳо аз мусоҳабати якдигар мисолест равшан аз эҳсосоти мардум нисбат ба ҳам ва ба ин натиҷа расидан, ки «сад чандон ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат аст».

Ҷои дигар таҷрибаву мардумшиносии Саъдӣ аз нӯки қаламаш метаровад, ки: «Қаҳбаи пир аз нобакорӣ чӣ кунад, ки тавба накунад ва шаҳнаи маъзул аз мардумозорӣ?»; ё «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд». Ин ҳама мавзӯъҳои дақиқу зарифро Саъдӣ ба либоси ҳикояту тамсил чунон содаву матбӯъ арза карда, ки хонанда ба умқи маънии онҳо дертар таваҷҷуҳ пайдо мекунад.

Дар «Гулистон» занон низ каму беш дар ҳикоятҳо ба чашм мехӯранд, аз ҷумла, духтари яке аз бузургони Ҳалаб, ки ба никоҳи Саъдӣ дармеояд ва бадхӯй асту ситезарӯй ё духтари зишт, ки бо вуҷуди ҷиҳозу сарват ногузир зани марди нобиное шуд; падари духтар аз мудовои чашми домод нигарон буду мегуфт: «Тарсам, ки бино шавад ва духтарамро талоқ диҳад». Пирмарде ҳам дар Бағдод духтарашро ба кафшдӯзе дода буд ва рафтори марду сухани падари духтар мавзӯи ҳикоятест мазоҳомез, ки Саъдӣ дар баёни бақои хӯи бад дар табиати одамӣ овардааст.

Рангорангии олам дар «Гулистон»

вироиш

Ҷилваи хосси «Гулистон» дар ин аст, ки ин олами рангорангро пеши чашми мо муҷассам кардааст. Масалан: мебинем, фармонравоён дар кишвардорӣ шеваҳои мутафовит доштаанд: яке аз эшон, бо он ки ба маразе ҳоил гирифтор аст, бар хилофи дастури табибон, ки заҳраи одамиро танҳо доруи вай медонанд ва алорағми фатвои қозию ризояти падару модари писаре деҳқон ба нобудии фарзанд, розӣ намешавад, ки ҷавонеро барои муолаҷаи ӯ бикушанд ва мегӯяд: «Ҳалоки ман авлотар, ки хуни бегуноҳе рехтан» ва дар ҳамон ҳафта шифо меёбад. Дигаре, яъне Анӯшервон, ба мулозимони худ суфориш мекунад, ҳатто андаке намак ба ройгон наситонанд ва баҳои онро бипардозанд, «то расме нагардад ва деҳа хароб нашавад»; ва дар ҷавоби суоли эшон, ки: «Ин қадар чӣ халал кунад?» мегӯяд: «Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будаасту ба мазиди ҳар кас бад-ин дараҷа расидааст». Аммо ҳамаи фармонравоён аз ин гуна набудаанд. Яке «дасти татовул ба моли раият дароз карда буд»-у насиҳат намепазируфт, дигаре дар риояти мамлакат ва осуда доштани лашкар сустӣ мекард ва ҳар яке аз эшон ба кайфари аъмолу рафтори худ гирифтор шуд. Вазирону соҳибмансабони ҳукумат низ шахсияту шеваҳои мухталиф доштаанд: яке султонеро бим медод, ки: «ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?». Дигаре хонаи раиятро хароб мекард, то хизонаи султонро обод кунад. Вазире соҳибғараз Амри Лайсро бармеангехт, ки бандаи аз хидмат гурехтаро бикушад, аммо яке аз вазирон ҳам буд, ки ба зердастон раҳм мекарду салоҳи эшонро ба хайр менамуд.

Дар «Гулистон» мардум аз ҳама табақаву дар ҳар либос сиратҳои гуногун доранд ва дар баробари ҳодисаҳову мушкилоту масъалаҳо аксуламалҳояшон мутафовит аст. Ин ки Саъдӣ дар ҳикоёти худ ин ҳама ашхоси гунонгунхислат офарида, эъҷобангез асту дилпазир. Як ҷо дарвеше мустаҷобуддаъва дар Бағдод дар ҳаққи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, ҳокими бедодгари Банӣ Умайя, ки аз ӯ дуои хайр мехоҳад, мегӯяд: «Худоё, ҷонаш биситон!». Ҳаҷҷоҷ гуфт: «Аз баҳри Худой, ин чӣ дуост? Гуфт: «Дуои хайр аст турову ҷумлаи мусулмононро!». Дарвеше дигар ба дараҷае аз «фароғи мулки қаноат» расидааст, ки ба убури подшоҳе гӯшаи чашм намекунад. Севвумӣ, ки дар оташи фақр месӯзад, розӣ намешавад ба назди марде карим ҳоҷат барад ва муътақид аст, ки «ба гуруснагӣ мурдан беҳ, ки ҳоҷат ба касе бурдан»; ҳатто аз дузде сухан меравад, ки гадоиро шармангез мешуморад ва дуздиро беҳтар аз он. Аммо ҳамаи мардум яксон нестанд, агарчи ба зоҳир ҳаммонанд бошанд.

Дар китоби «Гулистон», баракси «Бӯстон», ки шомили дунёи ормонист, зиштиҳову палидиҳоро дар канори зебоиҳо мебинем, ки далеле бар шеваи зиндагию тарзи тафаккуру маниши мардуми он давра аст ва ахлоқ дар «Гулистон» фақат дар маънои мусбати он наёмадааст. Дар ин китоб ҳам аз ишқи рӯҳонӣ сухан меравад, ҳам аз назарбозию ишқи маҷозӣ, ҳам аз ашхосе, ки саховату фидокорию ҷавонмардию бузургманишии онон ҳимматангез асту хостанӣ ва ҳам аз касоне, ки дар гирдоби худҳоҳиву ҳақорат дасту по мезананд. Симои баъзе ба нури ҳикмату хираду фикри баланд равшан аст ва гурӯҳе дигар чеҳраашон торик асту расво ва гоҳ дар айни ғафлату нодонӣ ба сар мебаранд. Маконҳо низ ҳамчунин мутанаввеъ аст: воқеаҳо гоҳ дар боғҳову чаманзорҳои дилкаше рӯй медиҳад, гоҳ дар биёбонҳои хушку сӯзону хатарнок, замоне дар равоқи масҷиду мадраса ва вақте дар маросими ҳаҷҷу мавқее дигар дар базме дилкушо. Аз Масҷиди Синҷор ёд мешавад ё аз Диёри Бакру Диёри Мағриб ва Балху Бомиёну Искандария ва Ҷомеи Баалбаку Басраву Бағдоду Ҳамадон ва ғ. Саъдӣ аз шаҳре ба шаҳре рафта, биёбонҳо дарнавардида ва дар ҳар ҷо чизҳое тоза дидаву афзун бар китобҳои бисёр, ки хонда, ҷаҳонро аз роҳи таҷрибаи мустақим озмудаву шинохтааст. Барои ҳамин ӯ дар «Гулистон» (балки дар тамоми осораш) муроди хешро дар гуфтани насиҳату панд додани мардумон медонад. Вай сухани судмандро ба доруе талх монанд карда, мегӯяд, ки барои ранҷур доруи талх судманд аст, на қанди ширин. Ҷомеае, ки Саъдӣ дар он мезист, дардманд буд ва эҳтиёҷе шадид ба пандҳои шифобахши ӯ дошт. То Саъдӣ ва пас аз ӯ дар адабиёти форсӣ адибони бешуморе буданд, ки панд гуфтаанд, вале то кунун беҳтар аз ӯ панднигоре набудааст. Донишманди эронӣ, доктор Заринкӯб дар мавриди «Гулистон» менависад, ки «Саъдӣ дар ин китоб инсонро бо дунёи ӯ ва бо маъойибу маҳосини ӯ бо тамоми тазодҳову таноқузҳое, ки дар вуҷуди ӯ ҳаст, тасвир мекунад… Дар дунёи «Гулистон» зебоӣ дар канори зиштӣ ва андӯҳ дар паҳлуи шодӣ асту таноқузҳое ҳам, ки айбҷӯён дар он ёфтаанд, таноқузҳоест, ки дар кори дунёст. Саъдӣ чунин дунёеро, ки пур аз таноқузу тазод ва саршор аз шигифтию зиштист, дар «Гулистон»-и хеш тавсиф мекунад ва гуноҳи ин таноқузҳову зиштиҳо ҳам бар ӯ нест, бар худи дунёст. Назари Саъдӣ он аст, ки дар ин китоб инсону дунёро, он чунон ки ҳаст, тавсиф кунад, на он чунон ки бояд бошад. Ва дунё ҳам мисли инсон, он чунон, ки ҳаст, аз таноқузу шигифтиҳои бисёр холӣ нест» («Бо корвони ҳулла»,–Теҳрон, 1343 ҳ. ш., с. 234).

Саъдӣ тавонистааст, ба лутфу маҳорати тамом парда аз чеҳраи дунёи воқеии рӯзгори хеш баргираду бо садоқату якрангии дилпазире бо мо сухан гӯяд, бе мулоҳизаву пардапӯшӣ. Ин қудрати дарёфти ӯ ва тавсифи комилу равшанаш, бо ин ҳама танаввуъ, ки дунёи «Гулистон» дорад, ҳунарест ошкор ва шояд камтар касе аз нависандагони форсигӯ пеш аз ӯ тавониста бошад фарозу нишеби олам ва нуқсонҳову фазилатҳои одамиёнро ин гуна ба мо бишиносонад. Бино бар ин, агар гуфта шавад авзои иҷтимоии асри Саъдӣ дар «Гулистон» мутаҷаллист ва ин яке аз имтиёзоти боризи ин китоб аст, сухане нодуруст нест. Аз равзанаи ин хотироту ҳикоёт, ки Саъдӣ ба қалам оварда, хуб метавон ба масоиле муҳимму борик пай бурд – дар бораи авзои ҳукумат, рафтори маъмурони девон, аҳволу афкору рӯҳиёту муътақидоти мардум, русуми ҷомеа ва тарзи тафаккури табақоти мухталиф дар он аҳд; чунонки яке аз соҳибназарони эронӣ Алии Даштӣ низ бо ҳама нуктагириҳои худ бар «Гулистон» ба ҳамин натиҷа расидааст. («Қаламрави Саъдӣ», саҳ. 263–270).

«Гулистон», беҳтарин намунаи асарҳои пандуахлоқӣ

вироиш

«Гулистон» барҳақ аз беҳтарин намунаи асарҳои пандуахлоқӣ на танҳо дар эҷодиёти худи муаллифи он, балки дар тамоми адабиёти форс-тоҷик ва ҳатто дар адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин асар дар радифи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдасӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Девони кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва «Девон»-и Ҳофиз қарор дошта, дар тӯли асрҳо дар мактабу мадрасаҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Ироқу Ҳинду Мисру Туркия ва кишварҳои дигар ба унвони китоби дарсию саводу хониш таълим дода мешуд.

Мақоми фавқулодаи «Гулистон» дар осори Саъдӣ ва дар адабиёти форсию ҷаҳонӣ вобаста ба паёми ғоявӣ, андешаи одамият ва сабки навину нотакрори он мебошад. Насри «Гулистон» аз ҷумлаи навъи насри мусаҷҷаъ буда, муаллиф ҳунари истифодаи санъати саҷъ ва навъҳои он – саҷъи мутавозӣ, саҷъи мутарраф ва саҷъи мутавозинро ба ҳадди камол расонидааст, чунончи: «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он, ки аттор бигӯяд»; «Дарвешон... абри озоранду намеборанд ва чашмаи офтобанду бар кас наметобанд; бар маркаби иститоат саворанду намеронанд»; «Ҳар кӣ дар зиндагонӣ нонаш нахӯранд, чун бимирад, номаш набаранд».

Шеваи нигориши «Гулистон»

вироиш

Истифода аз саҷъу анвои он бо ҳунармандию завқи баланди адабӣ дар «Гулистон», хушоҳангию ҷозибаи зарифи калимаҳову таъбирҳову ҷумлаҳо дар ин асар онҳоро ба ҳукми масалу мақолҳои мардумӣ даровардааст, ҳамчун «Дурӯғе маслаҳатомез беҳ, ки росте фитнаангез», «Ай мардон, бикӯшед, ё ҷомаи занон бипӯшед!», «Сари чашма шояд гирифтан ба бел, Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил!», «Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст», «Оқибат гургзода гург шавад, Гарчи бо одамӣ бузург шавад!», «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл, на ба сол!», «Се чиз пойдор намонад: моли бетиҷорат ва илми бебаҳс ва мулки бесиёсат», «Раҳм овардан бар бадон ситам аст бар некон; афв кардан аз золимон ҷавр аст бар дарвешон», «Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!», «Андак-андак хайле шаваду қатра-қатра сайле гардад» ва ғайра.

Он чи «Гулистон»-ро то ба ин ҳад машҳуру пуровоза сохтааст, на муҳтавоест, ки овардааст, балки қудрати гӯянда дар пардохти беназири он ва бозёфти вожаҳову ҷумлаҳои ноб аст. Саъдӣ бо таълифи «Гулистон» ба марҳалаи нави рушду такомули насри форсӣ поя гузошт. Насри китоб, ки ҷо-ҷое дар он шеъри форсӣ ё оёту амсолу абёти арабӣ омадааст, ширину матбӯъ ва намунаи балоғат дар эҷоз аст. Таъсири сабки баёни нависандагоне ҳамчун Абулмаолӣ Насруллоҳи Муншӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва соҳиби «Мақомоти Ҳамидӣ» дар он маҳсус аст. Вале шеваи насри Саъдӣ аз онҳо пухтатар ва дар айни ҳол содатар аст. Саъдӣ дар нигориши «Гулистон» агарчи ба шеваи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорию Қозӣ Ҳамидуддини Балхӣ таваҷҷуҳ дошта, вале корро ба тақлид накашонидааст, балки ҳамеша аз ибтидо то интиҳои «Гулистон» ҳама чиз далолат бар тозагии сухан ва навофаринию забардастии нависанда дорад. Ба ҳамин сабаб насри «Гулистон» ва шеваи нависандагии ӯ мавриди таваҷҷуҳу тақлиди нависандагони қарнҳои баъдӣ воқеъ шудааст. Дар пайравию тақлиди «Гулистон» дар адабиёти форсӣ асарҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки машҳуртарини онҳо «Хористон»-и Маҷди Хофӣ, «Нигористон»-и Муинии Ҷувайнӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Равзату-л-ахбор»-и Соилӣ, «Нигористон»-и Шамсуддин Камолпошозода, «Парешон»-и Ҳабибуллоҳи Қоонӣ, «Мулистон»-и Абдурраҳмони Тамкин ва ғайра. мебошанд. Аммо ҳеч яке аз ин асарҳо ба пояи «Гулистон» нарасидаанд.

Шарҳҳои «Гулистон»

вироиш

Ҳамчунин «Гулистон»-ро шарҳҳое ба форсӣ, арабӣ ва туркӣ навиштаанд. Аз он ҷумла «Хиёбон дар шарҳи «Гулистон»-и Сироҷуддин Алихони Орзу, «Шарҳи «Гулистон»-и Валимуҳаммади Акбарободӣ, «Шарҳи Гулистон»-и Тоҷуддини Баҳҷат (ба форсӣ), «Шарҳи Судӣ» (ба туркӣ) ва чанд шарҳи дигар ба арабӣ. Дар Тоҷикистон шарҳи «Гулистон» (2014) аз тарафи донишманди тоҷик Обид Шакурзода ба табъ расид.

Тарҷумаи «Гулистон»

вироиш
 
Сарлавҳаи тарҷумаи Андре дю Рйер

«Гулистон» ҳам дар зимни «Куллиёт»-и Саъдӣ ва ҳам ба таври мустақил мукаррар дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон ва Ҳинду Аврупо табъ шудааст. Ин асар аз хеле қадим дар Аврупо шинохта шудааст ва се асри тамом Саъдӣ нависандаи дӯстдоштатарин ва «Гулистон» нахустин китоби адабиёти форсӣ буд, ки ба забони фаронсавӣ тарҷума шуд, чунонки қадимтарин тарҷумаи он ба забони фаронсавӣ (аз ҷониби Андре Дюже) соли 1634 дар Порис мунташир шудааст ва пас аз як сол ба забони олмонӣ (баргардони Фридрих Охзенбах) ва соли 1651 дар Амстердам ба забони лотинӣ (баргардони Георгий Гентиюс) ба нашр расид. Нусхаи Гентиюс асоси бисёре аз тарҷумаҳои асари мазкур ба забонҳои гуногуни аврупоӣ, аз ҷумла ҳолландӣ, шуд. Ин тарҷумаҳо ба таври мустақим дар баъзе аз нависандагони аврупоӣ мисли Лофонтен, Гёте, Волтер ва дигарон таъсир ниҳодааст. То имрӯз «Гулистон» беш аз 250 бор ба забонҳои мухталифи олам баргардону чоп шудааст.

Саъдӣ бо завқу истеъдоди беназир дар осори гузаштагони худ ҷустуҷӯ карда, нукоти мусбату манфии онро дарёфтааст ва бо сабки хуш шоҳкоре ба вуҷуд овардааст, ки ҳанӯз, бо гузашти садсолаҳо, зебоии калому тозагии мазмунҳои ин шоҳкори ӯ инсонро ба ҳайрат вомедорад. Нубуғи Саъдӣ дар нигориши «Гулистон» он гуна ҳувайдост, ки бино бар таъкиди соҳибназарон, агар ӯ танҳо ҳамин асарро ба ёдгор мегузошт, боз ҳам метавонист бар бузургии вай далел шавад, зеро каломи бикраш ҳам фалсафисту ҳам ирфонӣ, ҳам ба меъёри дин дурусту ҳам ба ойини ахлоқ писандида. Ӯ ҷӯяндагони фазилатро гоҳ бо нақли афсонаву достон (ба шеваи мақоманависон) ва гоҳ бо ҳуҷҷату бурҳону истинод ба таърих ба шинохти неку бад тавон мебахшад. Ва равоншиносест, ки «доруи талхи насиҳат»-ро ба «шаҳди зарофат» бармеомезад, то нозуктабъону нозанинони ҷаҳон ҳам аз гуфтораш малул нашаванд. Аз ин рӯ, доноёни сухан Саъдиро зубдаи ҳикмату хулосаи маърифат ва «Гулистон»-ро чун «Бӯстон»-у «Бӯстон»-ро чун «Гулистон» ҷонпарвар мешуморанд.

Бузургдошти асар

вироиш

Бо дар назар гирифтани арзиши ғоявию бадеии фавқулодаи «Гулистон» ва нуфузи муассираш дар рушди адабиёту тамаддуни ҷаҳонӣ, мувофиқи Қарори Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ, соли 1958 дар саросари дунё ҷашни 700-солагии он баргузор шуд ва боиси ба вуҷуд омадани таҳқиқу тарҷумаву нашрҳои нав гардидааст.

Донистаниҳо

вироиш

Китоби Саъдии Шерозӣ. «Гулистон» (Дастхат) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[4]

Нигорхона

вироиш
  1. Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. AshtianyUSA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
  2. سعدی Гулистан (форс.) — 1258. — С. 19.
  3. Lewis, Franklin GOLESTĀN-E SAʿDI. Encyclopædia Iranica (15 December 2001). 16 Январ 2011 санҷида шуд.
  4. Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир

Адабиёт

вироиш
  • Саъдии Шерозӣ. Мунтахаби куллиёт. Сталинобод, 1956
  • Шайх Муслиҳиддин Съдии Шерозӣ. Сталинобод, 1942
  • Айнӣ С. Деҳотӣ А. Гулистони бехазон.//Шарқи сурх, 1956 № 6
  • Алиев Р. «Гулистон»-и Саъдӣ (тасҳеҳи матни илмии интиқодӣ, тарҷумаи русӣ, муқаддима, таълиқот ва ҳавошӣ ба қалами Рустам Мусоӯғлӣ Алиев). М., 1959
  • Мухтор Шокир. Сайри «Гулистон» дар Аврупо. //Садои Шарқ. 1975 № 11
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1980
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988
  • Арабзода Нозирҷон. Ҳикмати амалии Саъдӣ. Д., 2002
  • Салимов Н. Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои 9–13). Хуҷанд, 2002
  • Шакурзода О. Шарҳи «Гулистон». Д., 2014
  • Саади и его «Гулистан». М., 1958
  • Брагинский И. С. 12 миниатюр. М., 1966
  • Мухтор Шокир. Франция читает «Гулистан». Д., 1987
  • گلستان سعدی، مصحح عزیزالله علیزاده، تهران: فردوس، ۱۳۸۸، ۳۲۰ صفحه. شابک ۹-۴۲۵-۳۲۰-۹۶۴-۹۷۸
  • ابراهیمی، جعفر، و شفیعی، فرشید (تصویرگر). قصه‌های شیرین گلستان سعدی، چاپ اوّل، نشر پیدایش، تهران، پاییز ۱۳۷۶ شابک: ۰-۴۰-۶۰۵۵-۹۶۴
  • سعدی شیرازی، مصلح‌الدّین. گلستان سعدی، بر اساس نسخهٔ محمد علی فروغی، چاپ اوّل، نشر سرایش، تهران، ۱۳۸۲ شابک: ۳-۶-۹۴۳۶۸-۹۶۴

Сарчашма

вироиш