Иброҳим
Иброҳим (ар. إبراهيم; тақрибан 1810-уми то м. , Ур[d], Вилояти Зиқор ё Бобилистон — номаълум, Ҳебрун[d]) — яке аз паёмбарони Худо дар ислом, дуввумин паёмбари улулъазм, ҷадди арабҳо (аз тариқи писараш Исмоил) ва яҳудиён (аз тариқи писари дигараш Исҳоқ). Дар манобеи тоисломӣ ба шаклҳои гуногун: Абрам (Аҳди Атиқ), Абарама, Абамрама, Абраму, Абрама (катибаҳои ошурӣ ва бобилӣ), Абаамрама, Абабамраам (катибаҳои аккадӣ) сабт шудааст.
Иброҳим | |
---|---|
араб. ар. إبراهيم | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | воиз, паёмбар |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 1810-уми то м. |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | номаълум |
Маҳалли даргузашт: | |
Падар: | Terah in Islam[d] |
Ҳамсар | Соро[1] ва Ҳоҷар[d][1] |
Фарзандон: | Ҳазрати Исмоил ва Исҳоқ[2] |
Осор: |
Феҳрист
|
Шабоҳат: | Abraham[d] |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Насаб
вироишСилсилаи насаби Иброҳим тибқи ривояти Аҳди Атиқ, ки дар манобеи исломӣ бо баъзе тағйирот такрор шудааст: Иброҳим писари Тараҳ писари Ноҳур писари Суруҷ писари Раъу писари Фолиҷ писари Обир писари Шолиҳ писари Арфакшод (Арфахшод — дар манобеи исломӣ) писари Сом писари Нӯҳ. Иброҳим дар Аҳди Ҷадид дар 72 мавзеъ ёд шуда, насаби Исои Масеҳ аз тариқи Исҳоқ бо 39 восита (Матто, 1:1-7) ё 54 восита (Луқо, 3:24-35) ба вай пайвастааст. Иброҳим дар Қуръон 69 бор дар 25 сура ёд шуда, сураи 14-ум мавсум ба номи ӯст.
Таърих
вироишТибқи Аҳди Атиқ, Иброҳим дар 70-солагии падараш зода шудааст. Падари Иброҳим — Тараҳ (Пайдоиш, 11:24), Тораҳ (дар таърихномаҳои исломӣ ва тафсирҳо) ё Озар (Қуръон, 6:74) сардори яке аз хонадонҳое буд, ки дар оғози ҳазораи дуввуми то м. аз шаҳр-давлати Ур ба ш. Ҳаррон муҳоҷират карданд. Бештари муҳаққиқон таърихи вилодати Иброҳимро тақр. солҳои 1900, баъзеҳо дақиқан соли 1996 то м. ва зодгоҳу маҳалли рушди ӯро Ур гуфтаанд. Ба ривояти Қуръон (6:76-79), Иброҳим бо ботил хондани парастиши ҷирмҳои осмонӣ (ситораҳо, Моҳ, Офтоб) мардумро ба парастиши Худои ягона даъват кардоктори илмҳои падари худро низ ба яктопарастӣ хонд, вале ӯ даъвати писарашро напазируфт. Иброҳим бутҳоро шикаста, ин корро ба бути бузург нисбат дод ва аз қавм хост, ки сабаби онро аз ҳамон бут бипурсанд. Чун бут аз сухан гуфтан оҷиз буд, қавм дар баробари ин ҳуҷҷат фурӯ монданд. Иброҳимро назди фармонравои худ бурданд ва бо дастури ӯ дар оташ афканданд. Парвардгор оташ бар ӯ сард гардонид ва вайро бо бародарзодааш Лут аз чанги қавм раҳонид (Қуръон, 21:56-71). Бинобар ривояти дигар, ба оташ афкандани Иброҳим пас аз шикастани бутҳо ва муҷодалаи ӯ бо фармонравои аср буд (Қуръон, 2: 257). Вақте ки Иброҳимро дар оташ афканданд, 16 сол дошт. Ӯ дар оташ 70, 40 ё 50 рӯз монд. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ («Осору-л-боқия», саҳ. 378), оташ ба Иброҳим дар рӯзи аввали моҳи муҳаррам «бард ва салом» (хунук ва безарар) гардид. Дар «Таърихи Табарӣ» ривояте оварда шуда, ки тибқи он чун Иброҳим бе газанд аз оташ наҷот ёфт, Нимруд (фармонравои Бобил) ба азамати парвардгори ӯ иқрор карда, қурбонӣ дод ва Иброҳимро озод кард.
Иброҳим ба Фаластин муҳоҷират кард ва аз тариқи Тудмур ба Димишқ, сипас ба Урдун ва аз он ҷо ба Миср рафт. Дар Миср Сораро, ки хоҳари ӯ аз зани дигари Тараҳ буд, ба ҳамин унвон, на ҳамсари худ, ба фиръавн муаррифӣ кард (дар ривоятҳои исломӣ Сора бародарзодаи Иброҳим ё духтари амаки ӯ гуфта шудааст). Сора нозо буд, аз ин рӯ, канизи қибтии худ Ҳоҷари Мисриро ба Иброҳим, ки 10 сол аз иқоматаш дар Канъон мегузашт, бахшид. Иброҳим, ба як ривоят, 86-сола, ба ривоятҳои дигар, 64 ва ё 117-сола буд, ки Исмоил зода шуд. Дар Қуръон (14:39) низ ба ин воқеа, ки Иброҳим дар солхӯрдагии худ Исмоилро ёфт, ишора шудааст. Тибқи Аҳди Атиқ, фариштагон ба сурати мардоне бар Иброҳим зоҳир шудандоктори илмҳои барои онҳо таом омода кард ва чун хӯрданд, Сораро муждаи фарзанд доданд. Сора, ки он вақт зани солхӯрда буд, аз ин сухан дар шигифт монд. Аммо ба ривояти Қуръон (11:70-77), фариштагон ба он чӣ Иброҳим омода карда буд (ба ривояте — гӯсолаи бирён), даст назаданд. Аз ин рафтори онҳо Иброҳим озурда ва нигарон шуд. Фариштагон худро ба Иброҳим шиносонда, ба ҳамсари ӯ муждаи фарзанд доданд. Гуфтаанд, ки Исҳоқ дар синни 120-солагии Иброҳим ва 90-солагии Сора таваллуд шуд. Чун Исҳоқро аз шир бозгирифтанд, Сора ба Иброҳим гуфт, ки Ҳоҷару Исмоилро аз назди ӯ дур кунад. Дар бораи ҳиҷрати Ҳоҷар ва Исмоил ба биёбон миёни Қуръон ва Аҳди Атиқ ихтилоф вуҷуд дорад. Аз оёти Қуръон (14:37) бармеояд, ки он биёбон Макка ва мурод аз ҳарам Хонаи Каъба аст. Ба ривояти Таврот (Пайдоиш, 22:2-14), Иброҳим ба ҳукми Худованд писари худ Исҳоқро барои қурбон кардан бурд. Ба қавли Табарӣ, Исҳоқ 7-сола буд, ки фармони забҳи ӯ омад. Чун Иброҳим корд бар гулӯи фарзанд ниҳод, Худованд гӯсфандеро фиристод, то ба ҷои Исҳоқ қурбон шавад. Дар Қуръон (37:101-107) низ аз ин қурбонӣ ёд шуда, вале номи Исҳоқ ё Исмоил зикр нагардидааст. Ривоятҳои исломӣ дар ин бора ихтилоф доранд: бархе Исҳоқро «забеҳ» (бисмил) донистаанд ва бархе Исмоилро.
Сора дар синни 127-солагӣ дар Ҳаброн даргузашт. Иброҳим аз он ҷо киштзоре харид ва ӯро дар он дафн кард. Пас аз чанд соли марги Сора Иброҳим зане гирифт (Қатуро духтари Яқтин) ва аз ӯ низ 6 фарзанд ёфт. Ривоятҳои исломӣ дар бораи номҳои ин фарзандони Иброҳим бо Аҳди Атиқ андаке тафовут доранд. Дар ривояте низ омада, ки Иброҳим, ҷуз Қатуро, зане дигар (Ҳаҷур духтари Арҳир) аз арабҳо гирифт, ки аз ӯ низ 5 писар ёфт. Иброҳим, ба қавле, дар 175-солагӣ, ба қавли дигар, дар 200-солагӣ даргузашт. Писаронаш Исмоил ва Исҳоқ ӯро дар ҳамон киштзоре, ки Сора мадфун буд, ба хок супурданд. Ба ривояте, Сулаймон бар он биное сохт, мусулмонон онро «Машҳади Иброҳим» номида, масҷиде дар он ҷо сохтанд. Минтақаи Ҳаброн баъдҳо лақаби Иброҳимро гирифта, «ал-Халил» номида шуд.
Дар аҳди паёмбар Муҳаммад яҳудиёну масеҳиён даъво мекарданд, ки Иброҳим фарде аз онҳост. Дар посух ба ин иддиоҳо оят нозил шуд, ки Иброҳим на яҳудӣ буд ва на масеҳӣ, балки «ҳаниф» (касе, ки аз ботил рӯ гардонида, ба Ҳақ рӯ овардааст) буд (Қуръон, 3:67). Иброҳим назди арабҳо қабл аз ислом чандон шуҳрат доштааст, ки тасвирҳову тандиси ӯро дар Хонаи Каъба ҷой дода будаанд. Вақте паёмбар Муҳаммад пас аз фатҳи Макка вориди Каъба шуд, фармуд, то сурат ё бутҳои Иброҳим ва Исмоилро, ки дар он ҷо буданд, бишкананд. Аз ҷумлаи оятҳои марбут ба Иброҳим, ки дар Аҳди Атиқ ба он ишорае нашуда, достони бинои Каъба ба дасти Иброҳим ва Исмоил ва «Мақоми Иброҳим» аст. Иброҳим бо ёрии Исмоил Хонаи Каъбаро, ки Одам сохта ва он дар Тӯфони Нӯҳ вайрон шуда буд, бар ҳамон асоси нахустин дубора сохт. «Мақоми Иброҳим» сангест, ки Иброҳим ҳангоми бинои Каъба бар он меистод ва нақши қадами ӯ бар он боқӣ мондааст. Тибқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ («Осору-л-боқия», саҳ. 54), банӣ Исмоил аз тозиён «ба сохтмони Каъба ба дасти Иброҳим ва Исмоил таърих мегузоштанд, то он ки пароканда шуданд ва аз Тиҳома берун рафтанд». Дар Қуръон ҳамчунин аз «Мисоқи Худо бо Иброҳим» (2:125; 33:7) сухан рафта, ёдоварӣ шудааст, ки Худо Иброҳимро озмоишҳо кард. Чун Иброҳим аз ҳама озмоишҳо сарфароз берун омад, Худо ӯро халил (дӯст)-и Хеш гирифт, пешвои халқ кард ва ба паёмбарӣ фиристод. Манзур аз таъбири қуръонии «миллата Иброҳима ҳанифан» — дини Иброҳим, ки ҳаниф буд (2:135; 3:95; 4:125; 6:161: 16:123), тавҳиди ибтидоӣ ва ислом аст. Қуръон (87:19) аз матнҳои муқаддас: «суҳуф» (саҳифаҳо)-и Иброҳим ёдовар шудааст. Худованд ба Иброҳим, ба як қавл, 10, ба қавли дигар, 20 саҳифа фиристодааст. Эъломи ҳаҷ ва маносики он (талбия, тавофи Хонаи Каъба, саъй байни кӯҳҳои Сафо ва Марва, муҳориба бо Шайтон, қурбонӣ дар водии Мино, сутурдани мӯй ва ғ.), пайдо шудани чашмаи Замзам бо номи Иброҳим ва хонаводаи ӯ алоқаманд аст. Дар давлатҳои исломии асримиёнагӣ симои Иброҳим ҳамчун заминаи иҷтимоиву равоншинохтӣ барои муносибати таҳаммулпазир бо яҳудиён хидмат кардааст. Аз симои Иброҳим бо ҳадафҳои таблиғотӣ низ истифода шудааст, чунончи, Анвар Содот дар сулҳи худ бо Исроил ба ҷадди умумии арабу яҳуд будани Иброҳим истинод мекард.
Дар зардуштия
вироишАгарчи дар матнҳои зардуштия аз Иброҳим номе бурда нашудааст, баъзе бузургони эрониро бо анбиёи сомӣ айният додаанд. Чунончи, Зардуштро ҳамон Иброҳими Халил ва ба ривояте, набераи ӯ шумурдаанд. Бинобар ривояте, Зардушт дар оғоз дар Байтулмуқаддас сокин буд ва сипас ба нафрини устодаш Ирмиё аз он ҷо ба Ироқ рафт. Ҳамчунин гуфтаанд, ки Зардушт ба забони паҳлавӣ (ё сурёнӣ) номи Иброҳим аст.
Номи Иброҳимро дар шеър ба сурати тахфиф Бароҳим низ овардаанд:
Даъво кунанд гарчи, «бароҳимзодаем»,
Чун жарф бингарӣ, ҳама шогирди Озаранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Али-заде А. Хаджар (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — С. 827.
- ↑ Али-заде А. Исхак (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Адабиёт
вироиш- Иброҳим / С. Маҳмадуллоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.