Султон Иброҳиммирзо

(Тағйири масир аз Иброҳиммирзо Султон)

Абулфатҳ Султон Иброҳиммирзо (форсӣ: ابوالفتح سلطان ابراهیم میرزا‎), мутахаллис ба Ҷоҳӣ (форсӣ: جاهی‎; апрели 154023 феврал 1577, Қазвин) — хушнавис, музаҳҳиб, мусаввир, дуредгар, навозанда ва шоири форс-тоҷик, шоҳзодаи сафавӣ ва фарзанди Баҳроммирзо.

Султон Иброҳиммирзо
Таърихи таваллуд: апрели 1540
Таърихи даргузашт: 23 феврал 1577(1577-02-23) (36 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Пас аз издивоҷ бо духтари шоҳ Таҳмосб — Гавҳарсултон ҳокими Хуросон таъйин гардид ва 12 сол дар ин мақом буд. Шоҳ Исмоили II баъди ба тахт нишастан ӯро дар Қазвин ба қатл расонд. Турбаташро баъд ба Машҳад бурданд. Ба илму фан ва ҳунарҳо дилбастагии зиёд дошт. Султон Иброҳиммирзо улуми роиҷи замони худ — тиб, риёзӣ, фалсафа, сарфу наҳв, аҳодис ва ансобро медонист, дар хушнависӣ, наққошӣ ва таҳзиб забардаст буд. Дар китобхонааш, ки беш аз 4 ҳазор китоби нафис дошт, ҳунармандон ҷамъ меомаданд. Ба забони форсӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Аз Султон Иброҳиммирзо осори гуногун, аз ҷумла: «Хутути хушнависон», «Тасовири мусаввирон», «Ҷавоҳирот», «Зуруфи чинӣ» боқӣ мондаанд, ки бо як нусхаи мусаввар ва зарҳалкоришудаи девонаш (бо 3 ҳазор байт) дар Китобхонаи миллии Эрон нигоҳдорӣ мешаванд.

Адабиёт

вироиш