Иброҳимхони Осим (форсӣ: ابراهیم خان ﺁﺜم‎; қарни XIX) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Иброҳимхони Осим
Навъи фаъолият: шоир, хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Аз шарикдарсони Ҳайрат. Дар назди хушнавис Мирзо Қамар дарси хат омӯхта буд. Хатҳои насх, нохунӣ ва настаълиқро зебо менавишт. Иброҳимхони Осим табъи баланди шеъргӯӣ низ дошт ва миёни аҳли адаби Бухоро машҳур буд. Байти зер аз ӯст:

Лабат аз рӯҳбахшӣ таънаҳо зад бар лаби Осим,
Ҳадиси лаъли ҷонбахши ту аз бас буд иншоям.

Иброҳимхони Осим дар ибтидои роҳи рушди эҷодӣ, дар синни 22-солагӣ вафот кард. Идрис Махдуми Роҷӣ дар тазкираи «Хушнависон» ба ҳунари хаттотии Иброҳимхони Осим баҳои баланд дода, аз марги бемаҳалаш афсӯс хӯрда, гуфтааст:

Зи Иброҳимхон гар ёдам ояд,
Чу хатташ ашки ман гавҳар биборад.
Ҷавони софдил, покизамашраб,
Ки хатте дошт аз нуқсон муҳарраб.

Адабиёт

вироиш