Иброҳимҷон Дӯстализода
Иброҳимҷон Дӯстализода (1991, деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент) — шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2019)[1].
Ном ба ҳангоми таваллуд: | 1991 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Панҷакент |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишИброҳимҷон Дӯстализода соли 1991 дар деҳаи Варзикандаи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети филологияи ДМТ аст. Чанд муддат омӯзгорӣ намуда, айни ҳол дар ширкати байналмилалии роҳу кӯпруксозии «Синдзиян Бейсин»-и ҶМ Чин фаъолият мекунад[2].
Эҷодиёт
вироишНамунаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд. То имрӯз се маҷмуаи шеър — «Дуруд, фардо» (2012), «Мусиқии нафас» (2016) ва «Пайи имдоди гул» (2018) ба нашр расонидааст. Ҳамчунин, маҷмӯаҳои илмӣ-публитсистии ӯ — «Чашмандози фолклори баъзе деҳаҳои Панҷакент», «Тулуъи беғуруб» ва «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Осор
вироиш- Иброҳими Дӯсталӣ. Моҷарои рафта. — Д.: «Графика Принт», 2019. — 88 с.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Нодира Собирзод. Шоир, тарҷумон ва роҳсоз. Иброҳимҷон Дӯстализода: “Ватандӯстӣ бо шеър ҷор задан нест!”. halva.tj. Ҳалво (17 июли 2023). 6 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шароби садсола(тоҷ.). Tajikistan times (3 августи 2019). 15 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2020.
- ↑ Иброҳими Дӯсталӣ. Як қадам то худ.