Иброҳим Барамиков

Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич (русӣ: Ибрагим Изетуллович Барамыков; 3 августи 1909, Симферопол — 16 сентябри 1978, Душанбе) — филмбардор. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1969), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1946).

Иброҳим Барамиков
Таърихи таваллуд: 21 июл (3 август) 1909
Таърихи даргузашт 16 сентябр 1978(1978-09-16) (69 сол)
Шаҳрвандӣ:
Касб: филмбардори саҳна, филмсоз
Самт: воқеъанигори сусиёлисм[d]
Ҷоизаҳо:
State Stalin Prize, 3rd degree
ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Мукофоти сталинӣ
IMDb: ID 1313633

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи факултети оператории Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (1935).

Фаъолияти эҷодӣВироиш

Аз соли 1935 дар «Тоҷиккино» (баъдтар «Тоҷикфилм») ба фаъолияти эҷодӣ шурӯъ кардааст. Иброҳим Барамиков аз филмбардорони намоёни кинои ҳуҷҷатии тоҷик буд.

ФилмшиносӣВироиш

Филмҳои ҳуҷҷатӣВироиш

Муаллиф ва оператори филмҳои ҳуҷҷатии «Сарҳадбонон» (1935), «Аспҳои лақайӣ» (1937), «Иродаи халқ», «Канали Калони Фарғона», «Эҷодиёти халқ» (1939), «Канали Ҳисор» (1940), «Тантанаи санъати тоҷик» (1941); «Водии дарёи Вахш» (1947), «Чаҳоркунҷаҳои мазраъҳои пахта» (1954), «Роҳи пуршараф» (1958), «Ба Тоҷикистон омадани К. Е. Ворошилов» (1958) ва ғайра; филмбардори филмҳои ҳуҷҷатии «Душанбе — Сталинобод» (1936), «Тоҷикистони офтобрӯя» (1937), «Ҷавонони ворошиловӣ» (1940) ва ғайра; сароператори филмҳои пурраметражи ҳуҷҷатии публитсистии «Тоҷикистон» (медали биринҷӣ дар кинофестивали 6-уми байналхалқӣ дар Венетсия, 1946), «Замини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Советӣ» (филми ранга, Мукофоти давлатии СССР, 1952), «Иди халқи тоҷик» (1955) ва ғайра; муаллиф ва реж. филмҳои ҳуҷҷатӣ ва илмию омавии «40-солагии ҶШС Тоҷикистон» (1964), «Дӯстии барқсозон» (1967), «Пахтаи маҳиннах» (1971). Ҳамчун реж. филмҳои «Гаҳвораи шеъри ман» (1971, бо ҳамкории И. Лиситский), «Зардолуи Тоҷикистон» (1973) ва ғ-ро офаридааст.

Филмҳои бадеӣВироиш

Иброҳим Барамиков дар кинои бадеӣ қувваозмоӣ кардааст: оператори таҳиягар дар филмҳои бадеии «Боғ» (1939), «Водии баланд» (1940). Дар солҳои ҶБВ (1941—1945) дар студияи муттаҳидаи Сталинобод ва «Союздетфилм» филмҳои бадеии «Фарзандони Тоҷикистон» (1942) ва «Март-апрел» (1943)-ро ба навор гирифтааст.

Ордену ҷоизаҳоВироиш

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 1957 узви ИК. ИҶШС.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш

  • Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич / Н. Шарипов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.